Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти "Озодӣ" нисбат ба КДАМ моҳи феврал баррасӣ мешавад


Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 26-уми январ ба баррасии шикояти бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" пардохт.

Вакилони мудофеи "Азаттик" аз додгоҳ хостанд, ки Улан Жапеков, роҳбари гуруҳи тафтишотии вазорати корҳои дохилии Қирғизистонро ба додгоҳ даъват кунад. Жапеков парвандаи ҷиноӣ нисбат ба "Азаттик"-ро пеш мебурд ва хулосаи бастани суратҳисобҳои бонкии ин радиоро додааст.

Додгоҳ талаби вакилони мудофеъро қонеъ кард ва ба айбдоркунандаи давлатӣ дастур дод, ки Улан Жапеков ба додгоҳ ҳозир карда шавад. Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи 2-юми феврал идома мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22-юми декабри соли 2022 шикояти "Азаттик"-ро нисбат ба рафтори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рад карда буд. Вакилони мудофеи радио аз додгоҳ мехоҳанд, номаи КДАМ-ро ба мақомоти молии Қирғизистон бекор донад, ки дар асоси он нома суратҳисобҳои бонкии "Азаттик" баста шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январ аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост кард, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG