Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мушакборони нави Русия 11 кас дар Украина кушта шуд


Артиши Русия рӯзи 26-уми январ ҳудуди Украинаро бори дигар мушакборон кард. Дар натиҷа на камтар аз 11 кас кушта шуда, беш аз 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора мақомоти низомии Украина хабар доданд.

Мушакҳо ва бесарнишинҳо дар вилоятҳои Днепр, Виннитск, Запороже ва Киев, инчунин шаҳрҳои Одессаву Киев ҳамла кардаанд.

Аз ҷумла, иншооти энержӣ мушакборон шудаанд. Дар вилояти Одесса ду иншооти муҳими зерсохторӣ ҳадафи мушакҳо қарор гирифтанд. Як иншоот дар Киев ҳадафи мушак қарор гирифтааст. Дар чанд вилояти дигар, аз ҷумла Киев, Виннитск ва Одесса неруи барқ хомӯш шудааст.

Сарфармондеҳи нерӯҳои Украина Валерий Залужний гуфт, дар маҷмуъ рӯзи 26 январ ба ҳудуди Украина 55 мушак, аз ҷумла ду мушаки навъи "Кинжал" партоб шудааст.

Ҷониби Украина гуфт, 47 мушакро суқут додааст. Мақомоти низомии Русия то ин замон ҳамлаи охирашонро шарҳ надодаанд. Вазорати мудофиаи Русия одатан хабар медиҳад, ки ҳамаи мушакҳо ба ҳадаф расидаанд.

Русия пеш аз ин 14-уми январ қаламрави Украинаро мушакборон карда буд. Яке аз мушакҳо он замон ба бинои зисте афтод ва дар натиҷа 40 кас кушта шуд.

Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ҳамаи 24 бесарнишини рӯзи 26 январ фиристодаи Русияро суқут додаанд. Аммо дар ҳукумати Днепр гуфтанд, яке аз бесарнишинҳо ба иншооти саноъатӣ расидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG