Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раззоқовро як моҳ ба ҳабс гирифтанд


Жениш Разоқов.
Жениш Разоқов.

Жениш Раззоқов, муовини пешини сарвазири Қирғизистон бо гумони қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт шудааст. Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои вазорати дохилии он кишвар, моҳи сентябри соли 2022 шаҳрванд А.Б. ба вазорат муроҷиат кардааст. Бино ба муроҷиати шаҳрванд А.Б. муовини сарвазири вақт Жениш Раззоқов тирамоҳи соли 2017 ба боварии шаҳрванд даромада, бо истифода аз мақоми хидматӣ, барои амалисозии фаъолияти тиҷорӣ аз вай 1 млн доллар гирифтааст.

"Дар асоси иттилои ҷамъшуда, моҳи октябри соли 2022 бо моддаи "Қаллобӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Жениш Раззоқов рӯзи 24 январи соли 2023 боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Разоқовро барои як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт", - омадааст дар хабари вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Разоқов дар толори додгоҳ гуфт, ки дар асоси шикояти вакили пешини порлумони Қирғизистон Арзибек Бурканов боздошт шудааст. Вакили мудофеи Разоқов Ойбек Омуров гуфт, ҳеч асосе барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавҷуд набуд.

Жениш Раззоқов аз соли 1996 то соли 2011 дар мақомоти умури дохилии Қирғизистон кор кардааст. Ӯ солҳои 2012-2016 намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд буд. Раззоқов соли 2016 муовини сарвазири Қирғизистон таъйин шуд ва ҳудуди як сол дар ин мақом ифои вазифа кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG