Кумитаи давлатии омори Узбекистон мегӯяд, соли 2022 табодули мол миёни ин кишвар ва Русия 22,9 дарсад афзоиш ёфта, ба 9 миллиарду 279 миллиону 700 ҳазор доллар расидааст.
Манбаъ афзудааст, дар соли гузашта содироти мол аз Узбекистон ба Русия 46,8% зиёд шуда, то 3,07 млрд доллар расидааст.
Ҳамчунин воридоти мол аз Русия ба Узбекистон 13,7% афзоиш ёфтааст, ки 6,2 млрд долларро ташкил медиҳад.
Чин дар савдои берунии Узбакистон бо саҳми 8 миллиарду 923 миллиону 800 ҳазор доллар дар ҷои дувум қарор дорад. Соли 2022 ҳаҷми содирот ба ин кишвар 2,5 миллиард доллар ва воридот аз он 6,4 миллиард долларро ташкил додааст.
Қазоқистон (4,6 млрд доллар), Туркия (3,22 млрд доллар) ва Куриёи Ҷанубӣ (2,3 млрд доллар) ҳам ба рӯйхати кишварҳои панҷгонае шомил шудаанд, ки соли 2022 бо Узбекистон табодули моли бештар доштанд.
Гуфтугӯ