Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Залужний 1 миллион долларро ба артиши Украина дод


Валерий Залужний
Валерий Залужний

Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина генерал Валерий Залужний 1 миллион доллареро, ки моҳи январ ба мерос гирифта буд, ба артиши кишвараш туҳфа кардааст.

Нашрияи "The New York Times" навишт, пулҳоро ба Залужний шаҳрванди Амрико Грегори Степанетс ба мерос гузошта буд. Нашрия нагуфтааст, ки оё генерали украинӣ бо шаҳрванди Амрико робитаи хешутаборӣ доштанд ё бо ҳам дӯст буданд.

Хадамоти матбуотии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин хабарро тасдиқ кард.

"Ню Йорк Таймс" бо такя ба Бонки миллии Украина навиштааст, ки дар як соли ахир сокинон ва соҳибкорони ин кишвар ба неруҳои мусаллаҳи худ беш аз 22 миллиард гривна, ё ҳудуди 500 миллион доллар хайр кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG