Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пой”-и 21 кас аз Тоҷикистон дар як қазия дар Узбекистон


Боздошти "миёнаравҳо"-е, ки барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Узбекистон ҳазорҳо доллар мегирифтанд

Додситонии кулли Узбекистон фаъолияти шахсонеро ошкор кардааст, ки аз сокинон бо ваъдаи дохил намудан ба донишгоҳҳои олии ин кишвар пул мегирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон А.А. ва Ш.А. соли 2022 донишгоҳи ғайридавлатиеро таъсис дода, аз 18 нафар 152,9 миллион сум ё 13,5 ҳазор доллар гирифтаанд.

А.А. таҳти пайгарди қонунӣ аст ва ғоибона зидди ӯ ба гумони қаллобӣ парванда кушодаанд.

Санҷиши додситонӣ ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон муайян кардааст, ки шаҳрванд Х.М. низ сокинонро фиреб додааст.

Ӯ аз 21 донишҷӯйи донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ваъдаи интиқол ба донишгоҳҳои олии Узбекистон ҷамъан 15 300 доллар гирифтааст.

Дар робита ба ин ҳолат бо банди "Қаллобӣ", "Додани ришва" ва "Навъҳои шарикӣ дар ҷиноят" парванда боз шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG