Аҳолии Чин дар соли гузашта 850 ҳазор нафар камтар шудааст, ки оқибатҳои баде барои ин иқтисоди азими курраи Замин дорад.
Ин кишвар дар 60 соли гузашта шоҳиди коҳиши аҳолӣ нашуда буд. Идораи Миллии Омори Чин гузориш дод, ки аҳолии кишвар соли 2022 андаке бештар аз 1 миллиарду 411 миллион нафарро ташкил дод, ки аввалин коҳиш баъд аз соли 1961 аст.
Бо вуҷуди даст кашидани Чин аз сиёсати таваллуди як фарзанд дар 7 сол пеш ва иҷоза додан ба оилаҳо барои доштани ду фарзанд, таваллуд дар кишвар зиёд нашуда, баръакс, кам гаштааст. То соли 2016 дар Чин ба оилаҳо иҷоза намедоданд, ки аз як фарзанд зиёд дошта бошанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати идомаи коҳиши аҳолӣ, Чин нерӯи кофии кор намеёбад ва харҷи он барои хадамоти тиббӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ меафзояд.
Гуфтугӯ