Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Қурмонбек Боқиев даргузашт


Қурмонбек Боқиев ва ҳамсараш Нозгул Толомушова
Қурмонбек Боқиев ва ҳамсараш Нозгул Толомушова

Нозгул Толомушова, ҳамсари президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев фавтидааст.

Толомушоваи 47-сола бар асари беморӣ дар шаҳри Мински Белорус даргузашт.

Пайвандонаш ба дафни ӯ дар деҳаи Казармани вилояти Ҷалолободи Қирғизистон омодагӣ мебинанд. Маълум нест, Қурмонбек Боқиев дар маросими дафн ширкат хоҳад кард ё на.

Расонаҳои қирғизистонӣ рӯзи 17-уми январ навиштанд, ҷасади Толомушова ба Қирғизистон оварда шудааст.

Нозгул Толомушова соли 2016 мудири меҳмонхонаи "Отел Минск" таъйин шуд. Ин меҳмонхона ба раёсати корҳои президенти Беларус тааллуқ дорад. Толомушова солҳо пеш дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки аз соли 1995 бо Қурмонбек Боқиев зиндагӣ дорад ва онҳо 2 фарзанд доранд.

Боқиев дар натиҷаи инқилоби моҳи марти соли 2005 дар Қирғизистон ба қудрат расид ва дар инқилоби апрелии соли 2010 аз сарнагун карда шуд. Дар эътирозҳои зидди ҳукумати Боқиев 90 кас ҷон бохт. Боқиев ҳамроҳи хонаводааш Қирғизистонро тарк карда ва дар Беларус паноҳ ёфт.

Боқиевро дар Қирғизистон ғоибона 30 сол зиндонӣ кардаанд. Писаронаш Максим ва Марат, бародараш Жаниш низ ғоибона ба солҳои гуногун ба ҳабс маҳкум шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG