Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании хунин миёни гуруҳҳои ҷиноӣ дар Қирғизистон


Милисаи Ӯш. Акс аз бойгонӣ.
Милисаи Ӯш. Акс аз бойгонӣ.

Яке аз гумонбарони занозании хунин дар шаҳри Ӯши Қирғизистон, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздоштшуда Шокир-уулу Курсантбеки 25-сола ном бурдааст. Манбаъ афзуда, ки ҷустуҷӯи гумонбарони дигар идома дорад.

Ахиран мақомоти вилояти Чӯйи Қирғизистон Раимберди-уулу Оқилбек (1995) ва Коргонбой уулу Эламан(1995)-ро ҳангоми кӯшиши убури марзи Қирғизистон бо Қазоқистон дастгир карданд. Як шарики дигари онҳо дар Ӯш дастгир шуда буд.

Шаби 13-уми январ дар маркази Ӯш миёни аъзои гурӯҳи ҷиноие муноқиша сар зада, дар натиҷа як нафар ҷон бохт ва як тани дигар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шуд. Дар робита ба ин ҳодиса сокини маҳаллӣ Қодир Досоновро, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби "Женго" маъруф аст, боздошт карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG