Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ
Мавлавӣ Абдулҳамид, раҳбари пурнуфузи сунниҳои Эрон, дар суханронии нави худ бори дигар аз амалкарди раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ интиқод кард.
Вай рӯзи 6-уми январ бе зикри номи касе гуфт, "ҳоким бояд дидаш хеле васеъ бошад, хеле баланд бошад. Агар назари ҳоким танг бошад, ҳам барои худаш ранҷ дуруст мешавад ва ҳам мардум ба ранҷ меуфтанд."
Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, маъруф ба Мавлавӣ Абдуҳамид, бо ишора ба ҳаводисе чун сарнагунии ҳавопаймои Украина бо мушаки Сипоҳи посдорон (се сол пеш) ва куштори мардуми норозӣ дар вилояти Сиистону Балучистон, аз мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ хост, "узр" пурсанд.
"Иқтидори низом ба силоҳи ҳастаӣ нест. . . Иқтидори низом ба ин аст, ки ризояти мардумро дошта бошад ва дар муқобили мардум шонаву сарашро поин биоварад," – афзуд ӯ.
Бо вуҷуди бад будани шароити амниятӣ дар Зоҳидон, норозиён рӯзи 6-уми январ, пас аз суханронии Мавлавӣ Абдулҳамид, бори дигар ба хиёбон баромаданд. Онҳо шиори "Марг бар ҷумҳурии эъдомӣ" ва "Озодиву баробарӣ" сар доданд.
Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон ҳамчунин ин иддаои раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла Хоманаиро, ки Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ дар эътирозҳои саросарии Эрон нақш доштаанд, рад кард.
Мавлавӣ Абдулҳамид бо ишора ба ҳимоятҳои байнулмилалӣ аз мардуми Эрон гуфт, агар Ҷумҳурии Исломӣ пуштибони мардум буд, дигари ниёзе ба ҳимояти кишварҳои дигар набуд.
Танқидҳои Мавлавӣ Абдулҳамид аз мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳолест, ки боздоштҳо дар вилояти Сиистону Балучистон ҳамчунон идома дорад.
Бар асоси гузоришҳо, то кунун камаш 113 нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак ва ҷавон аз Зоҳидон, боздошт шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ теъдоде аз боздоштшудаҳоро ба Афғонистон ронда, шумореро барои гирифтани эътирофи иҷборӣ зери фишор гузоштаанд.
Аз оғози эътирозҳои саросарӣ дар Эрон, Мавлавӣ Абдулҳамид ҳар ҳафта дар намози ҷумъаи Зоҳидон ҳукуматро танқид ва аз эътирозгарон пуштибонӣ мекунад.
Гуфтугӯ