Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AP: Амрико ба Украина ба маблағи қариб $3 млрд ёри низомӣ мефиристад


Владимир Зеленский дар Конгресси Амрико
Владимир Зеленский дар Конгресси Амрико

Иёлоти Муттаҳида ба маблағи $2,85 миллиард доллар ба Украина кумаки нави низомӣ мефиристад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.

Бастаи нави ёриҳо бузургтарин бастаи силсилакумакҳои низомии Амрико ба Украина хоҳад буд.

Ҷузъиёти ин кумак ҳанӯз ошкор нашудааст. Мақомоти ИМА тасмим доранд, кумакҳои мазкур то ибтидои баҳори имсол ба Украина расонида шаванд. Интизор меравад, баҳори соли ҷорӣ ҷанги Русия дар Украина дубора шиддат гирад.

Пештар мақомоти ИМА ва Олмон ба созиш расиданд, ки ба Украина ҳудуди 90 мошини зиреҳпӯши навъҳои Bradley ва Marder фиристанд. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки ба Украина низоми зиддимушакии иловагӣ хоҳанд дод.

Дар охири моҳи декабри соли 2022 ИМА дар бораи ирсоли кумаки низомӣ ба маблағи $1,85 миллиард доллар ба Украина хабар дода буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG