Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз паҳншавии вабои COVID-19 ба Чин ваксинаҳои бепул (ройгон) пешниҳод кард. Дар ин бора нашрияи бритониёии Financial Times хабар медиҳад.
Ин пешниҳод дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 3-юми январ вазирони тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мулоқот мекунанд. Роҳбари Кумисюни Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи ҳифзи тандурустӣ Стелла Кириакидес гуфт, мехоҳад, барои эҳтимоли мавҷи нави вабои коронавирус "посухи аврупоӣ" таҳия кунад.
Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо захираи зиёди ваксинаи зидди коронавирус доранд. Пекин ҳанӯз ба ин пешниҳоди Иттиҳод посухе надодааст.
Дар Чин пештар аз ваксинаҳои истеҳсоли дохилӣ - Sinovac ва Sinopharm истифода карданд ва ваксинаҳои хориҷиро қабул накарданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 21-уми декабри соли 2022 гуфта буд, ки ваксиназанӣ дар Чин ба қадри кофӣ сурат намегирад.
Ба далели мавҷи нави COVID-19 дар Чин дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Италия, Амрико, Ҷопон, Ҳинд ва Малайзия барои мусофироне ташхиси коронавирусро ҳатмӣ карданд, ки аз Чин бармегарданд.
Баъд аз эътирозҳои зидди "локдаун" мақомоти Чин дар моҳи декабри соли 2022 ҳамаи маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро бекор карданд. Баъди ин тасмим гирифторӣ дар он кишвар якбора боло рафт. Беморхонаҳои Чин аз гирифторони коронавирус пур шудааст.
Гуфтугӯ