Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми Tax Free дар фурудгоҳҳои Узбекистон фаъол шуд


Дар фурудгоҳҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Урганҷи Узбекистон рӯзи 2-юми январ низоми Tax Free фаъол шуд.

Низоми Tax Free баргардондани андоз аз арзиши иловашударо мадди назар дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми хариди баъзе аз молу маҳсулот дар дохили Узбекистон онро мепардозанд. Низоми Tax Free дар бисёре аз кишварҳои дунё фаъол аст.

Номгӯи молу маҳсулотеро, ки андози онҳо ба харидор баргардонида мешавад, ҳукумати Узбекистон рӯзи 8-уми ноябри соли 2022 муайян кард. Инҳо савғотӣ, чормағз, мева ва хушкмева, маҳсулоти аз пӯст омодашуда, қолин, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ҳастанд.

Барои баргардондани андоз шаҳрванди хориҷӣ бояд ба маблағи на камтар аз 90 доллари Амрико аз Узбекистон маҳсулот харида бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG