Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавон дар Эрон ба гуноҳи "ҷанг алайҳи Худо" ба эъдом маҳкум шуд


Меҳдӣ Муҳаммадифард
Меҳдӣ Муҳаммадифард

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон як ҷавони 18-соларо ба иттиҳоми "фасод дар рӯйи замин" ва "ҷанг алайҳи Худо" ба "ду бор эъдом" маҳкум кардааст.

Ба гузориши оҷонси HRАNA (Human Rights Activists News Agency), Меҳдӣ Муҳаммадифард рӯзи 30-юми сентябри соли 2022 дар пайванд ба тазоҳурот дар Навшаҳр, шимоли Эрон, дастгир шуд.

Ӯро барои мусоидат ба ташкил ва раҳбарии гирдиҳамоии рӯзи 21-уми сентябр муттаҳам кардаанд.

Оҷонси HRANA аз қавли як манбаи наздик ба хонаводаи Муҳаммадифард навишт, ӯ бар асари шиканҷа ба гуноҳ иқрор кард.

Таҳқиқоти Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, нишон дод, ки дар се моҳи охир камаш 44 эътирозгарро дар Эрон ба "ҷанг алайҳи Худо" ва "фасод дар рӯйи замин" муттаҳам кардаанд.

Эътирози саросарӣ дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 ва дар пайи марги Маҳсо Аминии 22-сола оғоз шуд. Ӯро маъмурони пулиси ахлоқ ба гумони риоя накардани ҳиҷоб дастгир карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG