Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини католикҳои ҷаҳон даргузашт


Бенедикти 16-ум
Бенедикти 16-ум

Ватикан рӯзи 31-уми декабр хабар дод, ки раҳбари пешини католикҳои ҷаҳон, Бенедикти 16-ум, дар 95-солагӣ даргузашт.

Сухангӯйи Ватикан, Маттео Бруни, дар паёме гуфт, "бо андуҳи гарон хабар медиҳам, ки Попи муҳтарам, Бенедикти 16-ум, дар дайре дар Ватикан ҷон дод."

Бенедикти 16-ум соли 2005, дар пайи фавти Иоанн Павели ду, Попи Рум интихоб шуда, соли 2013 ба сабаби пирӣ ва камқувватӣ истеъфо дод.

Дар шашсад соли гузашта ӯ нахустин Попи Рум аст, ки аз мақоми худ истеъфо додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG