Ба роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар саммити ғайрирасмӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ангуштарӣ ҳадя карданд.
Дар ин бора канали телеграмии "Пул Первого"-и марбут ба маркази матбуотии роҳбари худкомаи Белорус Александр Лукашенко хабар дод.
Дар ангуштариҳои туҳфашуда рамзи ИДМ ҳаккокӣ гардида ва дар дохилаш "Соли нави 2023 муборак" навишта шудааст.
Дар ин мулоқот роҳбарони Белорус, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Арманистон ширкат карданд.
Саммити ғайрирасмӣ рӯзҳои 26-27 декабр баргузор шуд. Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 26 декабр гуфт, ки миёни кишварҳои узви ИДМ гуногунандешӣ вуҷуд дорад, аммо "онҳо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд".
Рӯзи 27 декабр дар Осорхонаи русӣ барои роҳбарони ИДМ субҳона таҳия карданд.
Гуфтугӯ