Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасри фарҳанги Бохтарро ба номи ҳаҷвнигори тоҷик гузоштанд


Аловуддин Абдуллоев
Аловуддин Абдуллоев

Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтарро ба номи Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, гузоштанд. Дар ҳукумати Бохтар гуфтанд, қарори маҷлиси вакилони шаҳр 27-уми декабр қабул шуд. Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистон, 17-уми феврали имсол дар 57-солагӣ даргузашт. Баъзе аз ҳамкасбонаш гуфтанд, "аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид." Пизишкон гуфтанд, "аз сактаи дил даргузашт".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG