Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина барои рондани Русия аз СММ талош мекунад


Суханронии намояндаии Украина дар СММ. Акс аз бойгонӣ.
Суханронии намояндаии Украина дар СММ. Акс аз бойгонӣ.

Украина рӯзи душанбеи 26-уми декабр аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) даъват кард, масъалаи ҳузури қонунии Русияро дар ин созмон ва узвияти доимиашро дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ кунанд. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Украина хабар доданд.

Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Украина омадааст, аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналхалқӣ масъалаи мавқеи кишвари узви СММ, ки Русия аз он бархурдор аст, аз замони фурӯрезии СССР дар моҳи декабри соли 1991 танзимношуда боқӣ мондааст.

"Федератсияи Русия курсии узвияти доимии Шӯрои амнияти СММ-ро бидуни риояи Оинномаи СММ соҳиб шудааст. Русия дар асоси номаи одии президенти Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии федеративии Русия Борис Елтсин узви Шӯрои СММ шудааст", - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Украина.

Ин вазорат мегӯяд, дар Оинномаи СММ дар қатори кишварҳои узви доимии Шӯро номи Русия нест.

Бино ба изҳороти Вазорати хориҷии Украина, узвияти ҳамаи кишварҳо ба СММ бо тавсияи Шӯрои амният сурат мегирад, аммо дар нисбати Русия чунин амал содир нашудааст ва узвияти Русия ҳам дар СММ ва ҳам дар Шӯрои амнияти СММ ба ҳайси кишвари меросбари СССР асос ёфта, амалан кишварҳои дигар хомӯшӣ ихтиёр карда ва ин масъала ба баррасӣ нагузоштаанд.

Русия ва кишварҳои дигар ба ин изҳороти Украина то ин замон вокунише накардаанд. Пештар кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА борҳо гуфтанд, ки механизми ҳуқуқии аз Шӯрои амният рондани Русия вуҷуд надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG