Муҳаммад Боқирӣ, сардори ситоди кулли Эрон аз "самаранокӣ"-и дронҳои эронӣ хабар дод. Ин гуфтаҳои Боқирӣ истифодаи бесарнишинҳои эрониро аз сӯи Русия дар ҷанги зидди Украина тасдиқ мекунанд.
Киев ва ҳампаймонони ғарбиаш борҳо Русияро дар истифодаи бесарнишинҳои эронӣ ҳангоми ҳамла ба шаҳрҳои Украина айбдор карданд.
"Сарфи назар аз он ки бисёре аз ин айбҳо беасос ҳастанд, амалан ин баёнгари самаранокӣ, муҳимият ва сатҳи олии Ҷумҳурии исломӣ дар мавриди бесарнишинҳо аст", - гуфт Муҳаммад Боқирӣ.
Эрон фиристодани аслиҳаро ба Русия борҳо рад кард. Дар ибтидои моҳи ноябри имсол Теҳрон гуфт, то замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ба Русия бесарнишин ирсол кардааст.
Кишварҳои ғарбӣ дар робита ба истифодаи бесарнишинҳои эронӣ дар Украина нисбати чанде аз ширкатҳо ва аъзои фармондеҳии низомии Эрон таҳрим ҷорӣ карданд. Генерал Муҳаммад Боқирӣ ҳам шомили таҳримҳо шуд.
Гуфтугӯ