Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Рогозин дар Донбасс захмӣ шудааст


Дмитрий Рогозин
Дмитрий Рогозин

Раиси собиқи “Роскосмос” Дмитрий Рогозин, ки ҳоло дар Донбасс аст ва дар ҷанги зидди Украина иштирок дорад, шоми 21-уми декабр захмӣ ва дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба ёвари Рогозин иттилоъ дод.

Ӯ гуфтааст, “меҳмонхонаеро дар канори Донетск тирборон карданд. Дар онҷо як гурӯҳ мушовирони низомӣ ба раҳбарии Дмитрий Рогозин буданд. Аз пушт захм бардошт, дар шифохона аст.”

Худи Рогозин дар Телеграм навишт, ки “ин як ҷаласаи корӣ ва дар доираи маҳуду дар фазои ором буд".

"Мо чанд моҳ боз дар ин меҳмонхона зиндагӣ мекунем. Амалиёт дар пеш аст. Чанд нафари дигар, ки ба ман наздик буданд, захмӣ шуданд,” – изофа кардааст ӯ.

Саҳифаи "База" дар Телеграм навиштааст, Рогозин “ҳангоми тирборон кардани тарабхонаи "Шеш-Беш" дар Донетск, ки дар он ҷо зодрӯзашро таҷлил мекард, маҷруҳ шуд. Дар умум ҳангоми тирпарронии тарабхона 2 нафар кушта, 5 каси дигар захмӣ шуданд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG