Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA дигар нашуд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 22-юми декабр, дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар байни 211 кишвар бо 1187.02 имтиёз мавқеашро дар ҷойи 108-ум нигоҳ дошт.

Дар ин феҳрист Бразилия бо 1840.77 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1838,38 имтиёз ба зинаи дувум баромад. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1823.39 имтиёз дар зинаи севум мебошад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (26-ум, 1536,99 имтиёз), Русия (37-ум, 1491.26 имтиёз) ва Узбекистон (77-ум, 1312.64 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (121-ум), Латвия (133-юм), Туркманистон (135-ум), Литва (144-ум) ва Молдова (174-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (77-ум) ва Қирғизистон (94-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 20-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 20-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 24-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 25-ум) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG