Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба идомаи ёриҳои Амрико ба Украина таъкид кард


Ҷо Байден (рост) ва Владимир Зеленский (чап). Вашингтон, 21-уми декабри соли 2022
Ҷо Байден (рост) ва Владимир Зеленский (чап). Вашингтон, 21-уми декабри соли 2022

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми декабр ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамтои украинияш, Владимир Зеленский, дар Вашингтон эълом кард, ки украиниҳо "илҳомбахш"-и ҷаҳон ҳастанд.

Ҷо Байден ҳамзамон ба идомаи кумакҳои низомӣ, молӣ ва башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳида ба Украина таъкид кард. Ӯ хитоб ба Зеленский гуфт: "Дар канори Шумо будан мояи ифтихор аст."

Ин сафари аввалини хориҷии Владимир Зеленский аз замони ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина тайи даҳ моҳи охир аст.

Зеленский гуфт, ният дошт, барвақттар ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад, аммо ҷанг тамом нашудаасту кишвараш дар набард бо Русия бо чолишҳои зиёде рӯбарӯ аст.

Раисиҷумҳури Украина рӯзи чоршанбе дар "Инстаграм" низ навишт, "дар Вашингтон ҳастам, то аз мардуми Амрико, раисиҷумҳур ва Конгресс барои пуштибонии бисёр ҳаётияшон ташаккур кунам."

Ӯ афзуд, ин дидор қобилиятҳои дифоӣ ва муқовимати Украинаро тақвият хоҳад бахшид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG