Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш гуфт, Саидмуҳаммади Ғозӣ дар зиндон "бемор шудааст"


Раҷабгул Мусулмонова
Раҷабгул Мусулмонова

Модараш гуфт, Саидмуҳаммади Ғозии 46-сола, писари зиндонии Саид Қиёмиддини Ғозӣ, намояндаи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, дар зиндон “бемор шудааст” ва “ба кумак ниёз дорад”. Ӯ ба гуноҳи хиёнат ба давлат ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.

Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммади Ғозӣ, рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бадани писараш варамида, дараҷаи қандаш боло рафтааст.

“Чанде пеш ҳамсараш ба дидани ӯ рафт. Ҳаракат карда наметавонад. Бо ёрии ду нафар овардаанд. Саидмуҳаммад гуфтааст, аҳволаш бад аст. Утоқи маҳбас сард. Аъзои баданаш варамида, ба сахтӣ пешоб мекунад,” – афзуд ӯ.

Саидмуҳамади Ғозиро дар зиндони низомаш сангини Хуҷанд нигоҳ медоранд. Намояндагони зиндон ба зангҳои мо посух надоданд.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки масъаларо меомӯзанду сипас шарҳ хоҳанд дод.

Саидмуҳаммад ва бародаронаш, Саидҳасану Саидмуҳаммадӣ, тобистони соли 2020 яке пайи дигаре дастгир шуданд. Саидмуҳаммадӣ раҳо гардиду Саидмуҳаммад ва Саидҳасан зиндонӣ. Як гуноҳи онҳо фиристодани чанд ҷавон барои таҳсил ба Эрон дар охири солҳои 90-ум гуфта шудааст. Наздикон ҳамвора онҳоро бегуноҳ хондаанд.

Падари онҳо, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, соли 2017 дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Баъдан ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик кор кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG