Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба як нуқтаи доғи кишвараш рафтааст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Мақомоти Украина гуфтанд, президент Владимир Зеленский рӯзи 20-уми декабр ба шаҳри Бахмут рафтааст. Нуқтаи доғи даргирӣ дар вилояти шарқии Донетск.

Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, "Зеленский бо низомиён вохӯрд ва аз сарбозони украинӣ қадрдонӣ кард."

Сафари Владимир Зеленский ба Бахмут аз қабл эълон нашуда буд.

Нерӯҳои Украина тақрибан даҳ моҳ боз бо сарбозони Русия дар ҳоли набарданд. Маскав моҳи феврали имсол бедалел ба қаламрави Украина ҳуҷум карду онро амалиёти низомӣ номид. Киев таҷовуз ба хокаш донист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG