Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон бо сафари дурӯза ба Узбекистон меравад


Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев
Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ вориди Узбекистон мешавад. Ин сафар рӯзҳои 21-22 декабр анҷом мешавад.

"Дар ин сафар масоили дуҷонибаи ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд," -- хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Узбекистон.

Дар поёни дидори Тоқаев бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев имзои чанд шартномаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Мақомоти ду кишвар то ин замон хабар надоданд, ки оё дар дидори Мирзиёев бо Тоқаев "иттиҳоди газ" баррасӣ хоҳад шуд ё не.

Пештар аз ин Владимир Путин, президенти Русия ба Қазоқистон ва Узбекистон пешниҳод карда буд, ки "иттиҳоди газ" таъсис дода шавад. Мақомоти Қазоқистон ва Узбекистон пешниҳоди Путинро напазируфтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG