Кумитаи Палатаи намояндагони Амрико, ки ҳамларо ба бинои Капитолий (6-уми январи соли 2021) таҳқиқ мекард, тавсия дод, нисбати президенти пешин Доналд Трамп дар асоси чаҳор модда айб эълон шавад.
Ба бовари аъзои кумита, нисбати Трамп бар асоси моддаҳои монеъ шудан ба раванди расмӣ, созиш бо ҳадафи қаллобӣ нисбати ҳукумати федеролӣ, созиш бо ҳадафи нишондодҳои дурӯғин ва ҳамлаи мусаллаҳона айб эълон шавад.
Дар таърихи Амрико бори аввал аст, ки як кумитаи махсуси Палатаи намояндагон таҳқиқи парвандаи ҷиноиро нисбати президенти пешин тавсия медиҳад.
Тавсияи кумита хосияти рамзӣ дорад ва тасмими ниҳоиро дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ Вазорати адлия хоҳад гирифт.
Рӯзи 6-уми январи соли 2021 гуруҳе аз тарафдорони президенти он замон амалкунанда Доналд Трамп вориди бинои Капитолий шуданд. Онҳо талош карданд, ки монеи тасдиқи пирӯзии номзади Ҳизби демократ Ҷо Байден шаванд.
Пас аз ҳамла муайян шуд, ки дар он ҳодиса панҷ кас шудааст. Нисбати садҳо шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз ва чанд тан маҳкум шуданд.
Пеш аз ҳамла ба Капитолий Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш суханронӣ кард. Вай айбҳои тасдиқношудаи ҳуқуқшиносонро дар бораи тақаллуби интихоботи президентӣ бори дигар такрор карда буд.
Гуфтугӯ