Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон Ғарбро танқид ва Кремлро таблиғ мекунанд


Ишқобод, маркази Туркманистон. Акс аз моҳи ноябри 2022
Ишқобод, маркази Туркманистон. Акс аз моҳи ноябри 2022

Мақомоти Туркманистон рӯ ба таблиғи Кремл оварда, Ғарбро ба ангехтани ҷанг дар Украина гунаҳкор мекунанд.

Масъулони Вазорати маориф, пулис ва хадамоти махсуси Туркманистон бо донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои вилоятҳои Балкан ва Лебапи ин кишвар вохӯрда, аз онҳо хостаанд, ки аз хондани расонаҳо ва фарҳанги ғарбӣ дурӣ ҷӯянд.

"Яке аз манбсадорон дар мулоқот гуфт, агар имрӯз ҷавонони худро аз расонаҳо ва фарҳанги ғарбӣ дур накунем, пас, фардо дар Туркманистон ба монанди Украина ҷанг мешавад," -- изҳор дошт як сокини Лебап, ки дар яке аз вохӯриҳои мазкур иштирок дошт.

Ӯ афзуд: "Онҳо илова карданд, ки иттилои расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки зеҳни ҷавонони моро "заҳролуд" месозанд, сабаби асосии сар задани ҷанг дар Украина мебошад."

Масъулони давлатии Туркманистон ба иштирокдорони вохӯриҳо ҳушдор додаанд, ки “агентҳо”-и хориҷӣ кушиши ноором кардани вазъро доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG