Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Маск ба нашри санадҳо дар бораи саркӯби озодии баён


Илон Маск
Илон Маск

Молики "Twitter" Илон Маск мехоҳад, рӯзҳои наздик санадҳои ширкатро, ки саркӯби озодии баёнро нишон медиҳанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад.

"Ҷомеа сазовори он аст, ки донад дар ҳақиқат чӣ рух додааст", - навиштааст Маск дар блоги худ. Аммо ӯ дақиқ нагуфтааст, ки дар ин санадҳо чӣ зикр шудааст.

Илон Маск рӯзи душанбе, 28-уми ноябр, ширкати истеҳсолкунандаи "Apple"-ро ба он айбдор кард, ки гуё мехоҳад "Twitter"-ро дар "App store"-и телефонҳо масдуд кунад.

Ҳамчунин афзуд, "Apple" ҷойгиркунии таблиғотро дар шабакаи иҷтимоии ӯ тақрибан номумкин гардондааст. Ба гуфтаи Маск, "Apple" ба далели талаботи ислоҳи муҳтаво ба "Twitter" фишор меорад.

Маск дар "Твиттер" навиштааст, ки "Apple" нашри таблиғот дар шабакаи иҷтимоии мазкурро комилан қатъ кардааст. "Оё онҳо аз озодии баён дар Амрико нафрат доранд?", - илова кардааст ӯ.

Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дода, ки масъулони "Apple" ба дархостҳои хабарнигоронаш дар ин замина посух надоданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG