Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди басеҷ беш аз 400 ҳазор русиягӣ ба Қазоқистон рафтааст


Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Тамара Дуйсенова шумораи он шаҳрвандони Русияро, ки баъди эълони басеҷ ба ин кишвар рафтаанд, эълон кард.

"Тибқи маълумоти фаврӣ, ки ҳамарӯза табодул мешавад, беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Русия баъди эъломи басеҷ ба Қазоқистон ворид шуда, 320 ҳазори онҳо дубора кишварро тарк кардаанд", - гуфтааст Дуйсенова дар посух ба суоли хабарнигори "Tengrinews.kz".

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир 100 ҳазор шаҳрванди Русия дар Қазоқистон ба сар мебаранд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 21 сентябр "басеҷ эълон кард. Дар натиҷа ҳазорон рус кишварро тарк карданд. Бархеи онҳо ба Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рафтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG