Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони мухториятро дар Бухоро муҳокима мекунанд


Бухоро, 28-уми ноябри 2022. Акс аз Додгоҳи олии Узбекистон
Бухоро, 28-уми ноябри 2022. Акс аз Додгоҳи олии Узбекистон

Муҳокимаи 22 нафар аз иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ дар Қарақалпоқистон, ки ба кӯшиши барҳам задани низоми конститутсионии Узбекистон гумонбаранд, рӯзи 28-уми ноябр дар Бухоро сар шуд.

Қарақалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон, дар тобистони имсол шоҳиди эътирози густурда шуд. Мардум алайҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон бархостанд, ки бино бар он "мустақилӣ"-и Ҷумҳурии мухтор аз байн мерафт. Дар он воқеа, ба иттилои расмӣ, 21 нафар ҷон бохтанд.

Дар пайи хушунатҳое, ки дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Қарақалпоқистон, сар зад, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев маҷбур шуд, аз нақшаҳояш даст кашад.

Вай "нерӯҳои хориҷӣ"-ро ба доман задани беназмиҳо гунаҳкор кард, аммо шарҳ надод, ки манзураш чист. Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2016 ва пас аз даргузашти Ислом Каримов дар Узбекистон ба қудрат расид.

Азиз Обидов, сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон, дар Телеграм навишт, дар мурофиа сарнавишти 22 нафар ҳал мешавад. Аз ин шумор 20 кас дар боздошт буда, як нафар дар ҳабси хонагӣ ва як кас бар ивази гаравпулӣ дар озодӣ аст. Ин афрод ба як қатор ҷиноятҳо гумонбаранд, ки сангинтаринаш "ба ҳам задани сохти конститутсионӣ" аст ва то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қарақалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад. Сарҳади ҳозираи онро солҳои 20-уми асри гузашта, дар авҷи тақсимоти милливу ҳудудӣ, кашидаанд. То замони ҳамлаи Русия ба қаламрави Осиёи Марказӣ, қарақалпоқҳо дар ҳайати хонигарии Хева буданд. Қарақалпоқистон соли 1936 аз ҳайати Русия берун ва ҳамчун вилояти мухтор ба ҳудуди Узбекистон дохил карда шуд.
Дар солҳои 1990, дар остонаи фурӯпошии Шӯравӣ, Қарақалпоқистон ба монанди ҷумҳуриҳои дигари мухтор дар ҳудуди кишварҳои ба истилоҳ "бародар" мустақилии худро эълон кард. Як муддат дар он кишвар мансаби президентро таъсис доданд, вале Тошканд мақоми нави ҳуқуқии ҷумҳуриро напазируфт.
Соли 1993 Тошканд ва Нуқус созишномаи 20-солаеро имзо карданд, ки тибқи он Қарақалпоқистон қонуни асосии худро қабул карда, бо баргузории раъйпурсӣ ҳаққи ҷудо шудан аз Узбекистонро ба даст овард. Пас аз ду даҳсола, соли 2013, ин созишнома ва мақоми ҷумҳурии мухтор ба гӯшаи фаромушӣ рафт. Онҳое, ки аз он созишнома ёд овардаву садо баланд карданд, мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтанд.
Қароқалпоқҳо туркзабон ҳастанд ва бо узбекҳо наздикӣ доранд, аммо забонашон ба гурӯҳи қипчоқӣ шомил мешавад. Дар Узбекистон тақрибан 710 ҳазор нафар ва дар ҷаҳон 830 ҳазор қароқалпоқ зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо минтақаи соҳили Арал, қаламрави ҳозираи Қарақалпоқистон, аст. Онҳо мусалмонанд. Солҳои охир кӯчидани қароқалпоқҳо аз Узбекистон ба Қазоқистон бештар мушоҳида мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG