Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод, хонаводаи ҳоким ва муносибати кишварҳо. "Хати сурх" дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш кадом аст?


Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (раиси ҷумҳури пешини Туркманистон), Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев ва Содир Ҷабборов
Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (раиси ҷумҳури пешини Туркманистон), Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев ва Содир Ҷабборов
Фасодкорӣ дар миёни нухбагон (элита), аз ҷумла хонаводаҳои қудратманди Осиёи Марказӣ, барои расонаҳои мустақили минтақа мавзӯи хатарноке шудааст. Ҳамзамон маҳдудиятҳои дигар ҳастанд. Озодии расонаҳо дар минтақа аз Туркманистон, ки дар он гузориши мустақилона иҷоза нест, то Қирғизистон, ки нашрияҳои мустақили фаъол пайи ҳам саркӯб мешаванд, тағйир меёбад.

ТОҶИКИСТОН: БОЗДОШТ, МУРОФИА ВА ҲУКМҲО

Вазъ дар Тоҷикистон муташанниҷ аст: боздошт ва маҳкум шудани пайиҳами блогерон ва хабарнигорони мустақил бо иттиҳомҳои сохта ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар ним сол камаш ҳафт нафар дастгир ва то ин дам чаҳор кас аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот онҳоро ба ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд, худашон иттиҳомҳоро беасос номиданд.

Саркӯбҳои охирро дар Тоҷикистон бештар ба талошҳои ҳукумат барои зери назорат гирифтани матолиби расонаҳо дар бораи амалиёти хунини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи майи имсол рабт медиҳанд. Пинҳон мондани мушкили мардум ва эҳтимоли интиқоли қудрат аз сабабҳои дигар гуфта мешавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Ҳукумати Тоҷикистон иддао дорад, ки дар нооромиҳои Бадахшон 29 нафар кушта шуд. Душанбе тавонист, чанд раҳбари калидии маҳаллиро, ки мақомот аз онҳо ҳамчун саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ, роҳзан ва террорист ном мебаранд, зиндонӣ бикунад ва ё дар ҷараёни амалиёт бикушад.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тавонист, ҳалокати 34 нафарро дар ҷараёни ҳодисаҳои Бадахшон, ки бо эътирозҳои осоишта зидди беадолатӣ дар минтақа оғоз шуда буданд, таъйид кунад.

Нашрияи мустақили маҳаллӣ, “Азия Плюс”, дар рӯзҳои аввали муноқиша хонандагони худро огаҳ кард, ки наметавонад дар бораи нооромиҳо матолиберо пешкаш кунад. Масъулони расона гуфтанд, мақомот нашрияро дар пешниҳоди матлабҳои “якҷониба”, ки ба суботи миллӣ таҳдид мекунад, айбдор мекунанд.

ҚИРҒИЗИСТОН: ДИГАР “ИСТИСНОӢ” НЕСТ?

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз сарфи назар аз иқтисоди ноустувору фасоди густарда дар ниҳодҳои давлатӣ аз Қирғизистон ҳамеша ҳамчун кишвари “истисноӣ”-и Осиёи Марказӣ ва дорои озодии нисбии матбуот ном мебурд. Бишкек дар “Шохиси озодии расонаҳо дар соли 2021” дар миёни 180 кишвари дунё мақоми 72-умро касб кард.

Аммо агар ин кишвар дар радабандии соли 2022 мақоми нисбатан баландтар ё ҳозираи худро касб кунад, тааҷҷубарангез хоҳад буд.

Даври нави таъқиби рӯзноманигорони мустақил дар Қирғизистон моҳи январи имсол, замоне оғоз шуд, ки маъмурони нерӯҳои таъйиноти махсус ё ОМОН ба идораи рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров ворид шуданд. Онҳо рӯзноманигоррро ба ҳабс гирифтанд ва ӯ дертар ба иттиҳоми нигаҳдории маводи мухаддир ба додгоҳ ҳозир шуд.

Дере нагузашта зидди Болот Темиров ду иттиҳоми нав - сохтакории асноди давлатӣ ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ эълон шуд. Темиров иддао кард, ки парвандаи зидди ӯ як навъи қасос ба таҳқиқоте аст, ки гуруҳи ӯ дар саҳифаи “Temirov Live” дар бораи фаъолияти тиҷоратии хешовандони шахси хеле бонуфузи Қирғизистон - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев нашр кард.

Темировро додгоҳ моҳи сентябр қисман “сафед” кард, вале додситон ба он эътироз ва аз болои ҳукм шикоят бурд.

Болот Темиров
Болот Темиров

Ҳамлаҳо ба расонаҳои мустақил ё озод моҳи гузашта баъди он афзоиш ёфтанд, ки ҳукумати Қирғизистон ҳисоби бонкии Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва сомонаи онро дар кишвар баст. Ин амалҳоро созмонҳои хориҷию дохилии ҳомии матбуот ҳамчун кӯшиши хомӯш сохтани расонаҳо арзёбӣ карданд.

Мақомоти Қирғизистон сабаби баста шудани сомонаи радиоро ба гузорише рабт доданд, ки роҷеъ ба низоъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол нашр шуд. Ҳукумати Қирғизистон иддао дорад, ки Радиои Озодӣ дар инъикоси даргириҳои марзӣ бо ин кишвар, ки аз ду тараф беш аз 100 кушта бар ҷой гузоштанд, мавқеи ҷониби Тоҷикистонро ҳимоят кардааст. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёрҳо посухгӯст.

Даҳҳо нафар моҳи октябри имсол дар назди коргоҳи Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки радио ва ду сомонаи мустақили хабарии дигари ин кишвар – “Kloop” ва “Cactus Media” баста шаванд. Яке аз таҷаммуъгарон таҳдид кард, ки агар ин талаб иҷро нашавад, бинои идораро оташ мезанад.

Дар мисоли Қирғизистон метавон мушоҳида кард, ки бозтоби мавзуъҳои гуногун барои расонаҳо хатарзо хоҳад буд, зеро ҷомеа ва таваҷҷуҳи сиёсӣ ба онҳо бештар мешавад. Рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби мавзуъҳои динӣ ва мушкилоти муносибатҳои байни миллатҳо метавонанд, бо “хати сурх” рӯбарӯ шаванд. Хабарнигоронро метавонанд, барои ин корашон бо иттиҳомҳои норавшан, вале бисёр ҷиддӣ "барангехтани бадбинӣ" муҷозот кунанд.

Ҳамчунин таъкид ба ҳуқуқи ҳамҷинсгароён низ, ки дар минтақа ба таври густарда эътироф карда намешаванд, хатарнок хоҳад буд. Ёдоварӣ дар бораи фасодкории нухбагон низ хеле зиёд вокуниши мақомотро ба вуҷуд меорад. Бахусус, вақте сухан аз хонаводаи раҳбарони кишварҳо меравад.

ҚАЗОҚИСТОН: МАВЗӮИ ТОҚАЕВ “ТАБУ”-СТ

Мушкили дастрасӣ ба сомонаҳо дар Қазоқистон низ мушоҳида мешавад. Корбарон баъд аз нашри мусоҳиба бо рӯзноманигори муқими Женева Агате Дюпарк, ҳаммуаллифи таҳқиқоти манофеи тиҷории президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва хонаводаи ӯ дар хориҷ аз мушкили дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ шикоят карданд.

Таҳқиқоти "Тиҷорати махфии раисиҷумҳури Қазоқистон тариқи Швейтсария" дар сомонаи созмони швейтсарии “Public Eye” нашр шуд. Муаллифон дар таҳқиқоти худ аз мактубҳои электронии Тоқаев ва хешовандонаш, ки ҳамзамон расонаӣ шуданд, иқтибос оварданд.

Қазоқистон
Қазоқистон

Аз ҷумла, таъмири гаронарзиши толори дафтари Созмони Милал дар Женева дар соли 2021, ки он замон Тоқаев дипломати касбӣ ва мудири кулли дафтар буд, зикр шудааст.

Муаллифон навиштаанд, таъмир, ки харҷи он аз ҳисоби ҳукумати Қазоқистон пардохта шудааст, ҷайби рассом ва модарарӯси писари Тоқаев - Батима Заурбековаро пур кардааст.

Расонаҳои Қазоқистон ин тафтишотро асосан нодида гирифт. Бузургтарин нашрияҳои он кишварро олигархҳои содиқ ба режим назорат мекунанд. Сомонаи “Public Eye” барои корбарони қазоқ бидуни абзорҳои давр задани сензура дастнорас шуд.

УЗБЕКИСТОН: СЕНЗУРА ДАВОМ ДОРАД

Узбекистон яке аз кишварҳое дар минтақа аст, ки метавонад аз беҳбуди чашмгир дар озодии матбуот дар давоми даҳ соли охир гузориш диҳад. Аммо ин ҳам танҳо ба он хотир аст, ки сатҳи озодии расонаҳои Узбекистон дар давраи ҳукмронии 25-солаи раисҷумҳури нахустин ва худкомаи он кишвар Ислом Каримов хеле поин рафта буд.

Дар давраи раҳбарии президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанд нишонаи мустақилии расонаҳо мушоҳида мешавад, аммо ҳассосияти мақомот ба гузоришҳо дар бораи буҳрони Қарақалпоқистон нишон дод, ки ин нишонаҳо ҳанӯз ҳам зери суоланд.

Қароқалпоқистон
Қароқалпоқистон

Дар ҳодисаҳои моҳи июли имсол дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон, ҷумҳурии худмухтори Узбекистон, дар кори хабаргузории мустақили “Gazeta.uz” нишонаҳои сензураи давлатӣ мушоҳида шуд. Матни хабарҳои вобаста ба ҳодисаҳои фоҷеабор, ки беш аз 20 кушта бар ҷой гузошт, аз сомонаи хабаргузорӣ “гум” шуданд.

Хабарҳо пас аз танқиди корбарон ва матлаби “Gazeta.uz”, ки ҳафтаи гузашта дар бораи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Hights Watch нашр шуд, барқарор гаштанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар рафтори нерӯҳои амниятии Узбекистон ва саркӯби эътирозгаронро танқид кард.

Сомонаи Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар Узбекистон чандин сол боз дастнорас аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG