Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро нагуфтед, мардум норозист?" Эълони вазъи фавқулода дар Қароқалпоқистон


Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон
Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон

Дар Қароқалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон, ки шоҳиди тазоҳуроти норозиён буд, рӯзи 3-юми июл вазъи фавқулода ҷорӣ шуд. Шерзод Асадов, сухангӯйи президенти Узбекистон, гуфт, ин ҳолат то дувуми августи имсол идома хоҳад кард.

"Ҳадафи тасмим таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарории тартибот аст," – афзудааст ӯ. Бинобар ин, берун рафтани сокинон аз Қароқалпоқистон маҳдуд ва баргузории маъракаҳои оммавӣ манъ аст.

Сокинони Қароқалпоқистон ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз кардаанд, ки рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод шуд. Дар тағйиру ислоҳот дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон дар банди мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"- ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон, рӯзи 2-юми июл ба Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, рафта, бо вакилон ва пирону фаъолон суҳбат кард. Вай дар мулоқот бо вакилон гуфт, "як шикояти хурде дорам. Шумо дар саргаҳи ин кор будед ва худатон ташаббус кардед. Ман ҳамеша барои суҳбат боз ҳастам. Чаро занг зада, нагуфтед, ки мардум норозиянд? Ман ҳам одам ҳастам. Ба ман ҳам оромии Қароқалпоқистон ва фардои он зарур аст."

Мирзиёев гуфтааст, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Узбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон рабт доранду боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".

Тазоҳурот чӣ гуна авҷ гирифт?

Бино ба гузоришҳои расонаҳои дохилӣ, шоми 26-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо ба тазоҳуроти оммавӣ дар Қароқалпоқистон садо додааст.

Сокинони шаҳри Нуқус, маркази ин ҷумҳурии мухтор, навиштанд, ки дар шаҳр дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти телефонҳои ҳамроҳ маҳдуд шудааст. Рӯзи 27-уми июн дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое дида мешуд, ки на камтар аз 100 нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шудаанд.

Тазоҳурот баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир шуд. Хоҳари Тоҷимуродов ба расонаҳо гуфтааст, маъмурони пулис бародарашро аз хона бурдаанд. Баъдан хабари раҳоии ӯ низ нашр шуд.

Расонаҳои дохилии Узбекистон гуфтанд, барои пароканда кардани тазоҳурот нерӯҳои иловагии Горди миллиро ба Қароқалпоқистон фиристондаанд ва боздоштҳо низ сурат гирифтааст. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон бо нашри як баёния гуфт, тазоҳурот ғайриқонунӣ аст ва ислоҳу тағйирот ба Қонуни асосиро "нодуруст шарҳ додаанд".

Мақомоти Қароқалпоқистон рӯзи 2-юми июл гуфтанд, ки як гуруҳ хостаанд, "идораҳои давлатӣ"-ро ғасб кунанд ва барои ҳамин чанд нафар дастгир шуд. Доир ба теъдоди боздоштшудагон чизе нагуфтаанд ва ишорае ба тазоҳурот нашудааст.

Дар баёнияи ҳукумат ва Вазорати умури дохилии Қароқалпоқистон омадааст, "созмондиҳандагони беназмӣ" мардумро дар назди идораҳои давлатии Нуқус ҷамъ оварда, саъй карданд, "идораҳои давлатиро ғасб карда ва аз ин роҳ дар байни ҷомеа тафриқа ангезанд ва вазъи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар Узбекистон ноором кунанд." Дар баёния омадааст, "пеши роҳи созмондиҳандагон гирифта шуд" ва онҳое, ки мухолифат карданд, боздошт шуданд.

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд. Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG