Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон зарари ҳодисаҳои Нуқусро ба давлат эълон кард


Қароқалпоқистон, тобистони соли 2022
Қароқалпоқистон, тобистони соли 2022

Додгоҳи вилояти Бухорои Узбекистон зарареро, ки ҳукумати ин кишвар аз бетартибиҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон дидааст, муайян кард.

Тибқи хулосаи додгоҳ, ин бетартибиҳо ба давлати Узбекистон 6 миллиарду 681 миллиону 247 ҳазору 508 сӯм (ҳудуди $600 ҳазор) зарар расондааст.

Баррасии додгоҳии ҳаводиси шаҳри Нуқус рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Бухоро шуруъ шуд. Дар доираи ин парванда 22 кас ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, ин афрод бар асоси моддаҳои "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", "Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғоратгарӣ", "Дузди тавассути аз худсозӣ ё исрофкорӣ", "Соҳиб шудан, нобуд кардан, зарар расонидан ё кушодани ҳуҷҷатҳо, муҳрҳо, бланкаҳо, рақамҳои қайди давлатии нақлиёт", "Бетартибии оммавӣ", "Авбошӣ" ва ғайра муттаҳам мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG