Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Эҳсон Аминзодаро дар зодгоҳаш дафн карданд


Эҳсон Аминзода
Эҳсон Аминзода

Ҷасади Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, рӯзи 26-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, дафн карданд.

Мақомоти маҳаллӣ рӯзи 28-уми ноябр гуфтанд, тобутро накушоданд ва ҳамагӣ ним соат дар деҳа нигоҳ доштанду зуд ба хок супурданд.

Ҷасади ӯро ҳафтаи гузашта Русия ба пайвандонаш супурд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, Эҳсон Аминзода рӯзи 15-уми октябр бо як ҳамроҳаш гуё зимни таҳқири эҳсоси динӣ ба ҳамяроқонаш дар қисми низомии Белгород ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд.

Дар онҷо сарбозонро барои сафарбарӣ ба ҷанги Украина омода мекарданд.

Дар санадҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, дида мешавад, Эҳсон Аминзода ба сафи артиши Русия ҷалб шудааст.

Ӯ ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта буд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ният дошт, кор кунад, на инки ба артиши Русия ва ё ҷанг дар Украина биравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG