Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Сорос меравад. Созмонҳои Тоҷикистон чиро аз даст доданд? ВИДЕО


Ҷорҷ Сорос
Ҷорҷ Сорос
Бунёд ё Фонди Сорос, ки дар Тоҷикистон ба номи Бунёди Мадад маъруф аст, корашро бас мекунад. Баъзе аз намояндагонаш дар суҳбати бидуни сабт тасмимро ба "тағйири сохторӣ" пайванд доданд. Созмон дар 25 соли буданаш дар Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии ёрирасон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил будааст. Фаъолон мегӯянд, набудани Бунёди Сорос ба корашон таъсир дорад.

3,3 миллион доллар дар як сол?

Лола Насриддинова ва шавҳараш, Фазлиддин Насриддинов
Лола Насриддинова ва шавҳараш, Фазлиддин Насриддинов

Лола Насриддинова ва шавҳараш, Фазлиддин Насриддинов, 12 сол пеш барои мадад ба кӯдакони гирифтори аутизм ё дархудмонда созмони "Ирода"-ро таъсис доданд. Яке аз фарзандони онҳо гирифтори ҳамин беморӣ аст. Онҳо мегӯянд, барои ба ҳамтақдирони писарашон онҳо ба Бунёд ё Фонди Сорос муроҷиат карданд.

"Аз лаҳзаи ташкили созмон, омӯзиши падару модарон, омӯзгорон, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, даъвати коршиносони хориҷӣ бо дастгирии Фонд буд. Мо ҳамроҳи Фонди Сорос 12 лоиҳаро иҷро кардем. Инҳо на танҳо ёрӣ ба ташкилоти "Ирода" буд, балки ёрӣ ба ҳамкорони минтақавии мо, ба пизишкон ва ба муаллимон буд," – гуфт Лола Насриддинова рӯзи 24-уми ноябр.

Ба мисли "Ирода" давоми 25 соли охир даҳҳо ташкилоти иҷтимоӣ ва рӯзноманигорони Тоҷикистон аз Фонди Сорос ёрӣ гирифтаанд. Кумакҳои созмон асосан барои рушди демократия, маориф, тандурустӣ, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон буд.

"Бунёди Сорос" Тоҷикистонро тарк мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Фонди Сорос танҳо дар соли 2021 барои Тоҷикистон 3,3 миллион доллар ҷудо кардааст. Масъулони созмон ҳозир нашуданд, дар бораи поёни корашон дар Тоҷикистон суҳбат кунанд.

Назарҳои гуногун ба кори Сорос

Набӣ Юсупов, рӯзноманигори тоҷик, соли 2020 бо мадади Фонди Сорос сомонаи таҳлилии "Нуқта"-ро кушод. Боз шудани сомона дар рӯзҳое буд, ки даҳҳо рӯзноманигори тоҷик дар пайи пандемияи коронавирус ҷойи кори худро аз даст доданд.

Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи "Нуқта.тҷ"
Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи "Нуқта.тҷ"

Юсупов бас шудани кори Фонди Соросро дар Тоҷикистон ба танг шудани кори ин ташкилот дар Русия вобаста донист. Ба гуфтаи ӯ, барои рушди расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кумаки созмонҳое мисли Сорос муҳим аст.

"Албатта, барои Тоҷикистон маблағи зиёде, масалан, баробар ба Қирғизистон ҷудо намешуд. Дар онҷо як лоиҳа аз 120 ҳазор доллар зиёд буд, дар Тоҷикистон қариб 5-10 баробар камтар. Ҳатто ҳамин миқдор маблағ барои рушди ташкилоти мустақил ва мутахассисон ёрии хубе буд," -- мегӯяд Юсупов.

Хабари баста шудани Фонди Сорос Маҳпора Киромоваро низ нигарон кардааст. Ин мустанадсози тоҷик бо мадади Фонди Сорос ва ташкилоти "Интернюс" чанд филм таҳия кардааст. Мустанадҳои Киромова асосан дар бораи зиндагии мардум дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон аст.

Моҳпора Киромова, рӯзноманигор
Моҳпора Киромова, рӯзноманигор

"Ҳамин маблағгузорӣ кумак мекард, ки аз ҷойҳои дурдасти Тоҷикистон филми мустанад омода кунем. Чун на расонаҳои мустақил ба худ иҷозат медоданд, ки чунин маблағи зиёд ҷудо кунанд ва на рӯзноманигорон тавони пардохти чунин маблағро доштанд," – афзуд Маҳпора Киромова.

Назарҳо ба кори Фонди Сорос дар кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, яксон нест. Иддае ин ташкилотро, ки аз сӯи миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос таъсис шудааст, созмони мададрасон медонанд. Гуруҳе ба доштани "ғаразҳои сиёсӣ" гумонбар мекунанд. Назаре, ки масъулони Фонди Сорос борҳо рад кардаанд.

Бас шудани кори Бунёд ё Фонди Сорос дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар солҳои охир Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора гуфтаанд, шароит барои кори расонаҳо ва созмонҳо дар кишвар мусоид аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG