Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон: Дӯстони боэътимод ё шубҳаовар?


Солҳои ахир созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештари худро ба бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона кардаанд. Коршиносон мегӯянд, созмонҳо аз бахши сиёсӣ худро канор гирифта ва бо ин роҳ аз фишори эҳтимолии мақомот эҳтиёт мекунанд. Мансабдорон ин гуна ақидаро рад мекунанд.

  • Рӯзи 11-уми апрел хабаре нашр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон тарҳи нави бунёди пул болои дарёи Панҷро тасдиқ кардааст. Ин пул 180 метр дарозӣ дошта, Ойхонуми ноҳияи Фархори Тоҷикистонро бо вилояти Тахори Афғонистон мепайвандад. Иҷрои ин тарҳро Бунёди Оғохон ба дӯш гирифтааст.
Мо мушоҳида мекунем, ки онҳо бештар на ба масоили сиёсӣ, балки ба масоили иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ин ҳам хуб аст. Вале агар аз ҳуқуқи башар дифоъ нашавад, пас, ҳамаи ин ҳеч маъно надорад
Ойниҳол Бобоназарова

Дар ҳоли ҳозир ҳафт пул марзи Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайвандад, ки шаштои он бо пуштибонии Бунёди Оғохон сохта шудаанд.

Ба ҷуз аз Бунёди Оғохон қисми аъзами тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ сохта мешаванд. Дар шароити рушди ақибмонда ин ниҳодҳо ба таври қобили мулоҳиза бори гарони иқтисодиву иҷтимоии бар дӯши давлатро сабуктар месозанд. Вале бо ин вуҷуд, ҳолатҳое мешавад, ки онҳо мавриди танқид ва фишори хос аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ қарор мегиранд ва ба дахолат ба корҳои давлат муттаҳам мешаванд.

Оғози ҳамкорӣ

Аз замони ба даст омадани истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, ки тақрибан ба оғози муноқишаҳои миллӣ рост омад, ниҳодҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар карданд. Дар соли 1993 дар кишвар 12 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии Бозсозӣ ва Рушд намояндагиҳои худро боз карданд ва дертар дар солҳои 1994-96 боз 12 ниҳоди байналмилалии дигар ҳузур пайдо карданд.

Кори ҳамаи созмонҳои номбурда дар он замон дар сатҳҳои гуногун хосияти башардӯстӣ дошт ва марбут ба расонидани ёрӣ ба зарардидагони ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

"Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг, хеле муҳим буд. Агар ёрии онҳо намебуд, хусусан ёриҳои Созмони Милал ва созмонҳои дигари хайрия, пас, зиндагии иҷтимоӣ дар кишвар ва дараҷаи фақр дар сатҳи хеле баланд мемонд", - гуфт коршинос Абдумалик Қодиров.

Ӯ афзуд, имрӯз ҳам ин ёриҳо давом доранд, ҳарчанд хосият ва самти дигар гирифтаанд ва бештар ба соҳаҳои рушди иҷтимоӣ, пешгирӣ аз бемориҳои гуногун, ворид кардани фанновариҳои нав дар бахши кишоварзӣ, боло бурдани сатҳи омӯзиш ва ҳалли мушкили муҳоҷират, рушди озодии баён ва расонаҳо равона шудаанд.

Фаъолияти ҳозира

Дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар кишвар 20 ниҳоди байналмилалӣ ҳузур доранд. Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон аз ҳузури 30 созмони байналмилалӣ ва минтақавии фаъол дар кишвар ва 46 созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ, ки дар Вазорати адлияи кишвар номнавис шудаанд, хабар медиҳад.

  • Омори расмӣ ҳаҷми умумии маблағҳои сармоягузоришуда тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷумҳуриро нишон намедиҳад. Дар ин бора баъзе маълумотро мешавад аз матлабҳо барои матбуоти бархе созмонҳо пайдо кард. Барои мисол, Оҷонсии Амрико дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) изҳорот дода, ки дар 26 сол 1,8 миллиард доллар ба барномаҳое ихтисос додааст. Ё соли 2015 раиси пешини Бунёди Оғохон Ёдгор Файзов гуфта буд, ки ҳаҷми сармоягузории солонаи ин ниҳод дар Тоҷикистон 60-70 миллион долларро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ

Рустами Шоҳмурод
Рустами Шоҳмурод

Абдумалик Қодиров чунин меҳисобад, ки созмонҳои байналмилалӣ илова ба ёриҳои гуногун ба будҷа, ҳамчунин барои ба кор таъмин намудани мардум ба таври мустақим ва сармоягузории созмонҳои ғайриҳукуматӣ саҳм мегузоранд.

"Мо ҳудуди 2700 созмони ғайриҳукуматӣ дорем ва агар чоряке аз онҳо фаъол бошад ва дар ҳар кадоме 5-6 нафар кор кунад, пас, дар мо 3-4 ҳазор соҳиби коранд. Ба таври мустақим дар худи ин созмонҳо аз 15-20 то 20-40 нафар кор мекунад ва маош мегирад",-афзуд коршинос.

Тавре вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод дар нишасти матбуотии моҳи январи имсол гуфт, беш аз 1700 созмони ғайриҳукуматӣ дар соли 2018 дар ҳаҷми 750 миллион сомонӣ (80 миллион доллар) аз хориҷ сармоя гирифтаанд.

Бо ҳадафи ташдиди назорати молиявӣ аз соли 2017 қонунгузории Тоҷикистон созмонҳои ғайриҳукуматиро муваззаф кардааст, ки аз ҳама гуна воситаҳои молиявии дастраскарда аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чӣ дар дохил ва чӣ аз хориҷ гузориш бидиҳанд.

Фосилагирӣ аз сиёсат. Чаро?

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ба ҷуз аз тавонмандсозии ҳалли мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ, созмонҳое чун САҲА, баъзе ниҳодҳои СММ вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, бахусус вазъи ҳуқуқи башарро дар кишвар назорат мекунанд. Вале, тавре ҳомии ҳуқуқ ва раиси пешини Бунёди Сорос дар Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, дар солҳои ахир созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ба таври фаъол аз ҳуқуқи башар ҳимоят намекунанд.

"Баъд аз он, ки соли 2016 мухолифон дар нишасти САҲА дар Варшава суханронӣ карданд, намояндагиҳои ин ниҳод дар минтақаҳои кишвар баста шуданд ва ин хеле аз созмонҳоро тарс дод. Мо мушоҳида мекунем, ки онҳо бештар на ба масоили сиёсӣ, балки ба масоили иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ин ҳам хуб аст, вале агар аз ҳуқуқи башар дифоъ нашавад пас, ҳамаи ин ҳеҷ маъно надорад",-мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова.

Ӯ ин гуна амалкарди созмонҳои байналмилалиро ба тарси аз даст додани "аккредитатсия" рабт медиҳад.

Фишор вуҷуд дорад?

Манбаи Радиои Озодӣ дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон бо шарти фош нашудани номаш гуфт, баъди соли 2016 фишор ба созмон ба таври махсус оварда мешуд. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аз ҳамкорӣ бо ин созмон даст мекашид, чун медонист, ки агар он то поёни сол будҷаи худро харҷ накунад, пас, дар соли дигар он ба таври қобили мулоҳиза аз ҷониби Шӯро ихтисор карда мешавад.

Олим Салимзода
Олим Салимзода

Олим Салимзода, раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии палатаи поёни порлумон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳеч фишор оварда намешавад ва онҳо фаъолияти худро озодона ба роҳ мондаанд. Ӯ афзуд, "мо мустақим бо ин ниҳодҳо ҳамкорӣ мекунем ва равобити мо дар сатҳи ниҳоят баланд аст. Ҳеҷ гоҳ нашунидаам, шикоят карда бошанд, ки рӯйи онҳо фишор аст".

Дар ҳамин ҳол, аз июли соли 2017 дар Тоҷикистон мақоми Бюрои САҲА то Дафтари барномаҳои САҲА поин бурда шуд ва дафтари нав намояндагиҳо дар минтақаҳоро пешбинӣ намекард. Ин ниҳод он замон тасмими худро ҳеҷ шарҳ надода буд, вале манбаи Радиои Озодӣ гуфт, он бар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон гирифта шуда буд.

Пештар, дар соли 2017, "фаъолон"-и донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки худро ихтиёриён номида буданд, борҳо дар назди намояндагии САҲА дар Душанбе даст ба эътироз заданд ва изҳори норизоятӣ карданд, ки ин созмон бо мухолифине ҳамкорӣ мекунанд, ки дар кишвар ниҳоди террористӣ эътироф шудаанд. Он замон раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин амалкарди САҲА-ро барои "ширкати чеҳраҳои ҷинояткор дар ҷаласаи САҲА" ва "сиёсату меъёрҳои дугона", танқид кард.

​"Ҳамкорӣ давом мекунад"

Дар солҳои ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон интиқоди созмонҳои байналмилалиро дар баробари ҳукумати Тоҷикистон ҷиддӣ намепазиранд ва бар ин назаранд, ки Душанбеи расмӣ агар бихоҳад ба соддагӣ аз ҳамкорӣ бо онҳо даст мекашад.

Вале коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, сарфи назар аз баъзе мушкилҳо, Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ моил аст. "Гап сари ин аст, ки ниҳодҳои молиявӣ бо назардошти он ёрӣ мекунанд, то куҷо Тоҷикистон масъулиятҳои байналмилалии худро иҷро мекунад. Ва яке аз шартҳои асосӣ он аст, ки кишвар бояд барои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ тамоми шароити заруриро дар қаламрави худ фароҳам биорад",-мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, кишвари дорои имконоти маҳдуди молӣ наметавонад ба ин соддагӣ аз чунин ҳамкориҳо даст бикашад.

XS
SM
MD
LG