Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар Тоҷикистон. Озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон "дуюмдараҷа" шудааст?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттереш

Чаҳоряк аср пеш дар Тоҷикистон Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ба кор оғоз кардааст. Ин сана ба таҷлил аз рӯзи байналмилалии Созмони Милал рост меояд, ки ҳар сол 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳоле ки масъулони СММ аз фаъолияти муассири ин идора дар Тоҷикистон, ба мисли кумак барои барқарории сулҳ ва мубориза бо фақру бенавоӣ ситоиш мекунанд, баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, фурсати он расидааст, ки барномаву рисолатҳои идораҳои ин созмони бонуфуз мутобиқ ба чолишҳои имрӯзаи Тоҷикистон тағйир ёбанд. Ба назари баъзе аз мунтақидон, "шаффофияти бештар, мусоидат ба фаъолияти озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва фаъолияти чашмрас дар бахши татбиқи ормонҳои бунёдии демократӣ" чизест, ки аз СММ дар Тоҷикистон тақозо мешавад.

Ним миллиард доллар кумак ба Тоҷикистон дар 25 сол

Ба муносибати 25-солагии фаъолияти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон қарор аст дар шаҳрҳои Душанбеву Гулистон ва Хуҷанд нишасти соҳибкорони ҷавон баргузор шавад. Ба ҷуз ин, маросиме бахшида ба муқобила бо паёмадҳои тағйироти иқлим баргузор хоҳад шуд. Пратибҳа Меҳта, ки се сол боз дар мақоми намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон кор мекунад, гуфт, ин ду бахш авлавиятҳои кории барномаҳои онҳо дар кишварро ташкил медиҳанд.

"Душвор аст, ки омори дақиқе бигӯем, вале дар 25 соли гузашта тахминан ним миллиард долларро ба кишвар ба унвони грант тақдим кардаем. Ин пул барои рушди зарфият (capacity development), сохторҳо, рушди инсонӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ, дастрасӣ ба тиб, рушди мудирият, ҳукумати қонун ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст", -- гуфт Меҳта дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми октябр.

Пратибҳа Меҳта ба ин назар аст, ки нақши UNDP дар мусоидат ба истиқрори субот дар кишваре, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ буд, хеле муҳим аст ва дар 16 соли ахир барои коҳиши мизони фақр ва беҳбуди сифати маориф ва тандурустӣ ҳам пешрафте ҳосил шудааст.

"Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ мизони бенавоӣ 80 дарсадро ташкил медод ва ҳоло он то сатҳи 30 дарсад поин оварда шудааст. Дар ин кор нақши UNDP хеле муҳим аст", -- таъкид кард ӯ. Айни замон иқрор кард, ки бисёре аз корҳо дар ин самт ҳанӯз пурра иҷро нашудааст, чун, ба гуфтааш, бояд "дар самти эҷоди ҷойҳои корӣ, беҳбуди сифати хадамот, мисли маорифу тиб, оби ошомиданӣ ва инчунин тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ" кор идома пайдо кунад. Ҳамаи инҳо, ба гуфтааш, бо ҳадафи таъмини рушди дарозмуддати кишвар мушаххас ва роҳандозӣ шудаанд.

15 намояндагии СММ дар Тоҷикистон

UNDP яке аз барномаҳои калидии СММ дар Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ ин созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон 15 оҷонсӣ ё дафтари намояндагӣ дорад, ки ҳар яке дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла кӯдакон, нуфусшуморӣ, занон, ғизо, паноҳандагон ва тандурустӣ фаъолият доранд. Чанд дафтари дигари СММ, ки бо Тоҷикистон кор мекунанд, қароргоҳи марказии худро дар берун аз кишвар таъсис додаанд. Яке аз онҳо дафтари СММ дар умури ҳуқуқи башар аст, ки дар Душанбе танҳо як намояндаи расмӣ дорад.

Вале ба андешаи бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, солҳои охир барномаҳои СММ бештар ба масоили иҷтимоиву иқтисодӣ тамаркуз карда, мушкилоте ба мисли озодиҳои сиёсӣ ва маҳдудият дар кори матбуоту ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯё дуюмдараҷа шудааст. Ин гурӯҳ мегӯянд, дар лаҳзаҳои ҳассосе ба мисли мурофиаи мунтақидони ҳукумат, ҳабси ҳуқуқшиносон ва ё фишор болои матбуот ва созмонҳои ҷамъиятӣ садои СММ дар дохили Тоҷикистон шунида намешавад.

"Ба садои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд гӯш дод"

Рашид Ғанӣ Абдулло солҳои 1996-2007 дар Ҳайати нозирон (UNMOT) ва Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ (UNTOP) ба унвони таҳлилгари сиёсӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, нақши СММ “дар мусоидат ба барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон, ҳимоят аз кӯдакон - UNICEF ва мусоидат дар умури иқтисодӣ, яъне барномаи UNDP хеле муҳим аст". Ин таҳлилгари тоҷик гуфт, кори СММ дар Тоҷикистон роҳро барои ҳамкории ин кишвар бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилоти дигар кушодааст.

Ба андешаи ӯ, дар муқоиса бо мушкилот ваё камбудҳое, ки дар бораи кори СММ гуфта мешавад, “хидмати ин созмон барои Тоҷикистон арзишмандтар аст”.

Донишманди дигари тоҷик Зулайхо Усмонова мегӯяд, будани СММ дар Тоҷикистон имрӯз ҳам хеле муҳим аст, чунки кишвар барои даст ёфтан ба ҳадафҳои рушди босубот (барномаи вижаи СММ) талош дорад. Ин ҳадафҳо аз таъмини ҳуқуқи кӯдакону занон, мубориза бо вируси адами масунияти бадан ва дигарон иборат аст.

"Вале ба назари ман, - мегӯяд Усмонова, - солҳои охир дар фаъолияти СММ як навъ дуршавӣ аз барномаҳои марбут ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мушоҳида мешавад. Бисёр тарҳҳое, ки қаблан созмонҳои маданӣ иҷро мекарданд, ба дасти сохторҳои давлатӣ вогузор мешаванд. Ба назари ман, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саҳна ва аз баррасиву ҳалли масоили хеле муҳими давлатӣ дур андохта мешавад. Мутмаин ҳастам, ки ба садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша бояд гӯш дод”.

Ба бовари ин муҳаққиқ, СММ солҳои охир ба мавзӯи сармоягузорӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ камтар таваҷҷӯҳ мекунад, дар ҳоле ки ба гуфтааш, ҳамин созмонҳо тавони ҳалли мушкилоти зиёдро доранд. Як нуктаи дигар, ба андешаи ӯ ин аст, ки созмонҳои байналмилалии ҳамкори Тоҷикистон бояд аз нерӯву зарфиятҳои донишмандон ва муҳаққиқони дохилӣ истифода кунанд, чунки маҳз ҳамин бахши олимону коршиносон аз вазъи воқеии кишвар беҳтар ва амиқтар огаҳ ҳастанд.

“Ман ба Бан Ки Мун гуфтам...”

Собиқадорони кор дар сохторҳои СММ ва ташкилоти дигари байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, нақши ин созмонҳо дар эҳёи Тоҷикистони баъд аз ҷанг, фаъолияти расонаҳои мустақил, таъмини як қишри ҷомеа бо кор ва даромад, дарёфти грантҳои хурд барои пешбурди тарҳҳои иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Вале дар шароити доғ боқӣ мондани мушкилоте ба монанди бекорӣ, ҳамин созмонҳо боз ҳам барои бисёр сокинони Тоҷикистон танҳо умеди кору рӯзӣ мондаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ки солҳои зиёд дар Бунёди Сорос кор карда, ҳоло созмони ҷамъиятии "Перспектива +"-ро раҳбарӣ мекунад, гуфт, агар 10-15 соли пеш “беҳтарин намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон дар ин созмонҳо бо донишу лаёқати худ кор меёфтанд”, бо гузашти вақт мушкилоте ба мисли коррупсияву шиносбозӣ ваё поймолшавии ҳуқуқ дар бархе аз ин созмонҳо ҳам пайдо шуд.

Бобоназарова мегӯяд, дар давоми ду-се соли охир ба унвонии созмони "Перспектива +" 5 ариза аз кормандони созмонҳои байналмилалӣ дастрас шуд, ки аз поймолшавии ҳуқуқи коргар ваё озори ҷинсӣ далолат мекунанд. Ӯ мегӯяд, мушкил ин аст, ки аз тарси аз даст додани кор бо маоши хуб, ин коргарон ба додгоҳ намераванд ваё “ҳатто баъзе судяҳо аз тарси бад шудани муносибати давлат бо ин созмонҳо аз баррасии ин қазияҳо даст мекашанд”.

Ӯ гуфт, фаъолияти СММ ба унвони як созмони марказӣ ва бонуфузи байналмилалӣ бо назардошти тақозоҳои замони имрӯз бояд тағйир ёбад: “Назар ба солҳои пешин корҳои онҳо чандон шаффоф нест, мо дар бораи натиҷаи кори онҳо иттилои кофӣ надорем.”

Бобоназарова афзуд, фаъолияти тамоми созмонҳои байналмилалии ҳамкори Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар дар чанд соли охир хеле кам шудааст. “Медонам, ки ин созмон зарур ҳастанд, бояд бошанд, аммо натиҷаи он чӣ аст? Мо як натиҷаи ҷиддиро намебинем”, -- гуфт ӯ ва афзуд, “барои пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демократия, ҳуқуқи инсон чӣ дод? Агар ман баҳо диҳам, мегӯям, ки чизи назаррас нест”.

Вай гуфт, нодида гирифта шудани мушкилоти ҳуқуқи башар дар се-чаҳор соли охир ба як падидаи умумӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст.

Бобоназарова мегӯяд, соли 2015, замоне ки Бан Ки Мун, дабири кулли пешини СММ ба Тоҷикистон сафар кард, мулоқоти ӯ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо баъд аз дидору гуфтугӯҳояш бо президент ва мақомоти тоҷик сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, мулоқоти Бан Ки Мун дар Душанбе бо ширкати тахминан 20 раҳбари созмонҳои ҷамъиятиву ҳомиёни ҳуқуқ баргузор шуд ва дар ин мулоқот ӯ аз Тоҷикистон бисёр ситоиш кард.

“Баъди ин ман ба наздаш рафтаму гуфтам, ки гӯш кунед, шумо бояд аввал бо мо вомехӯрдед ва баъд рафта гапи моро ба онҳо мегуфтед. Бисёр намояндагони СММ хафа шуданд. Гуфтанд, ки бисёр сахт гап задед. Баъд вай (Бан Ки Мун) гуфт, ки “не, мо оид ба ҳуқуқи инсон ҳам сӯҳбат кардем”, -- нақл кард ӯ.

Вай мегӯяд, агар дар гузашта таҷриба ин буд, ки мақомоти ғарбӣ ё раҳбарони калони созмонҳои байналмилалӣ аввал бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат карда, баъдан бо мақомот гап мезаданд, ҳоло дигар чунин нест.

Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки фаъолияти СММ ва дигар ташкилоти ҳомии арзишҳои демократӣ назар ба гузашта имрӯз барои Тоҷикистон аҳамияти бештар касб мекунанд, чунки фаъолияти бозу барҷастаи онҳо дар ниҳоят барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар кумак хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (7)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG