Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони мансаби президенти Тоҷикистон дар интихоботҳои гузашта киҳо буданд? ВИДЕО


Дар 29 соли истиқлоли Тоҷикистон панҷ бор интихоботи президентӣ сурат гирифтааст. Ба истиснои як интихоботи озод дар таърихи кишвар дар соли 1991, дар чаҳортои дигар, номзади асосӣ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд. Довталабони дигари курсии раиси ҷумҳур низ буданд.

МУБОРИЗАИ МУТТАҲИДОНИ ДЕРИНА

Дар интихоботи президентии соли 1994 ягона рақиби Эмомалӣ Раҳмон, шарики собиқи ӯ ва нахуствазири пешин, Абдумалик Абдуллоҷонов буд.

Ҳарду сиёсатмадор дар асл намояндагони нухбагони минтақаҳои худ, яъне кланҳои Кӯлоб ва Ленинобод буданд. Ҳарду минтақа дар тирамоҳи соли 1992 дар як эътилофи сиёсӣ ба ҳам омаданд ва мухолифонро аз саҳнаи сиёсӣ ронданду ҳукуматро тақсим карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари давлат ва Абдумалик Абдуллоҷонов, раиси ҳукумат шуд. Қобили зикр аст, ки клани кӯлобиҳо дар пушти худ гуруҳи мусаллаҳи «Фронти халқӣ»-ро дошт. Умеди ленинободиҳо фақат ба интихоботи холисона буд ва аз ин рӯ фақат мақоми камаҳамияти нахуствазирро ба даст оварданд.

Ёздаҳ моҳ пеш аз интихоботи президентӣ нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷоновро аз мақомаш гирифтанд ва ба ҳайси сафир ба Маскав фиристоданд. Тирамоҳи соли 1994 нахуствазири собиқ ба ватан баргашт ва номзад ба мақоми президент шуд.

Абдуллоҷонов дар маъракаи пешазинтихоботӣ ваъда дод, ки иқтисоди кишвари ранҷкашида дар ҷангро зуд ба по мехезонад. Аммо бар асоси натиҷаҳо, Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот 59.5 овозҳоро соҳиб шуд ва Абдуллоҷонов 34.5 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, шикаст хӯрд.

Баъд аз чанд сол Тоҷикистонро тарк кард ва ба зиддаш дар дохил парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Ӯро аз ҷумла ба дуздии пули давлат ва сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон муттаҳам мекарданд. Рақиби собиқи Раҳмон ба Амрико кӯчид ва ҳоло онҷо ба соҳибкорӣ машғул аст.

МУБОРИЗАИ ДУШМАНОНИ СОБИҚ

Интихоботи президентии соли 1999 ду сол баъд аз имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифони тоҷик (рӯзи имзо 27-уми июни соли 1997) баргузор шуд.

Бар асоси созишнома, дар остонаи интихобот Қонуни асосиро тағйир доданд, ки бино бар он раиси ҷумҳур барои як давраи ҳафтсола интихоб мешуд.

Рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот акнун Давлат Усмон намояндаи мухолифон аз Ҳизби наҳзати исломӣ шуд. Комиссияи марказии интихобот довталабони дигар, аз ҷумла намояндаи клани заифшудаи «ленинободиҳо» Сайфиддин Тӯраевро бо ҳар гуна баҳона сабти ном накард.

Давлат Усмон соли 1992 ва баъди таъйин шуданаш ба мақоми муовини нахуствазир дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ фарди шинохта шуд. Он замон 35 сол дошт ва ҳамчун намояндаи мухолифон ин курсиро гирифт. Ҳар чӣ буд, ё набуд, дар он интихобот номзади мухолифин андаке бештар аз 2 дар сади раъйи мардумро ба даст овард.

Ӯ баъдан дар шикасташ раҳбарони Ҳизби наҳзати исломиро гунаҳкор кард, ки гӯё аввал мехостанд, аз ширкат дар интихобот даст кашанд, вале баъдан бе мувофиқа бо ӯ номзадиашро ба мақоми президент пешниҳод карданд.

Ҳамингуна дар интихоботи соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон бо касби 97.6 дар сади раъйи мардум рекорди худашро шикаст.

НАВОРРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

"Рақибон"-и Эмомалӣ Раҳмон кистанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:58 0:00

БО НИГОҲ БА ДАҲОНИ РУСИЯ

Аз соли 1999 то соли 2006-ум Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди эътирозҳои мухолифону танқидҳои ҷомеа, дигарбора пешниҳод кард, ки Қонуни асосӣ тағйир дода шавад. Ислоҳи асосӣ тағйири муҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз як давраи 7-сола ба ду давраи 7-сола буд.

Бо ин тағйирот заминаи қонуние пайдо шуд, ки имкон дод, ду давраи раҳбарии президенти феълӣ ба ҳисоб гирифта нашавад.

Соли 2006 интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо шеваи интихоботҳои маъмулӣ дар кишварҳои худкома сурат гирифт, ки дар он дар муқобили президенти кунунӣ, номзадҳои ношинохтаро ба майдон меоранд.

Дар Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба мансаби президент раҳбарони ду ҳизби тозатаъсисро сабти ном карданд: Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (Ҳизб 9-уми ноябри соли 2005 сабти ном шудааст) ва Амир Қароқулов аз Ҳизби аграрӣ (15-уми ноябри соли 2005 сабти ном шудааст).

Ҳамчунин ду номзади ҳизбҳои вобаста ба ҳукумат – Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Талбак Исмоилов аз Ҳизби коммунист сабти ном мешаванд.

Соли 2006 дар матбуоти дохилӣ меъёрҳои интихоби рақиб барои номзади асосӣ баҳс шуд:

  • Бояд куҳансол бошад;
  • Ӯро фақат дар ҳалқаҳои маҳдуди академикӣ бишносанд;
  • Аз ягон клани минтақавӣ намояндагӣ накунад;
  • Ва муҳимтар аз ҳама ҳадафҳои воқеии сиёсӣ надошта бошад.

Тааҷубовар ҳам нест, ки номзадҳои рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 комилан ба ҳамин меъёрҳо мутобиқат мекарданд. Се нафарашон то ширкат дар интихобот ҳеҷ гоҳ ба сиёсат машғул нашудаанд ва дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ кор кардаанд. Чаҳорумӣ вакили начандон шинохта аз Ҳизби коммунистӣ дар порлумон буд.

Натиҷаи интихобот чунин шуд:

  • Эмомалӣ Раҳмон - 79,3%;
  • Олимҷон Бобоев (Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) - 6,2%;
  • Исмоил Талбаков (Ҳизби коммунистӣ) - 5,2%;
  • Амир Қароқулов (Ҳизби аграрӣ) – 5,2%;
  • Абдуҳалим Ғаффоров (Ҳизби сотсиалистӣ) – 2.8%.

Ҳизбҳои дар воқеъ мухолифи давлат Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ натиҷаҳои интихоботро аз қабл маълум номиданду онро таҳрим карданд.

ШИКАСТИ МУХОЛИФОН

Интихоботи баъдӣ дар соли 2013 фарқи бузурге аз интихоботи соли 2006 надошт, ба истиснои инки номзади Ҳизби аграрӣ дигар кас, яъне Толиббек Бухориев шуд ва номзади панҷум Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократро дар баргаи раъй изофа карданд.

Дар байни ду интихобот, Ҳизби демократ, ки мухолифи давлат буд, танқидҳои сахти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бас кард ва ба сафи тарафдорони сиёсатҳои ӯ пайваст.

Ҳизбҳои мухолифи сотсиал-демократ ва наҳзати исломӣ бо ташкили Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ хостанд, номзади ягонаро пешбарӣ кунанд. Ойниҳол Бобоназарова, раиси собиқи “Бунёди Сорос” дар Душанбе ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқро номзад баргузиданд, вале Комиссияи интихоботӣ ӯро сабти ном накард. Гуфт, ки хонум Бобоназарова натавонист, 210 ҳазор имзои зарурии тарафдоронашро барои сабти ном ҷамъ оварад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG