Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздиконаш Рӯзигули 22-соларо мекобанд. Ӯ куҷо шуд?


Рӯзигули 22-сола. Аксро падараш дар ихтиёри Озодӣ гузошт
Рӯзигули 22-сола. Аксро падараш дар ихтиёри Озодӣ гузошт

Пайвандони як зани ҷавон аз ноҳияи Варзоб беш аз як моҳ боз ӯро мекобанд.

Рӯзигули 22-сола субҳи 13-уми октябри имсол аз хонаи шавҳараш берун шуда, то кунун ҳеч нишоне аз ӯ наёфтаанд.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб рӯзи 24-уми ноябр гуфтанд, ҷустуҷӯ идома дорад.

Маҳмадсаид Авазов, падари Рӯзигул, рӯзи 25-уми ноябр иддао кард, ки духтараш “бо хушдоманаш мушкил дошт” ва “борҳо аз фишор дар ин хонавода шикоят карда буд”.

Назари хонаводаи шавҳари зан дастрас нест. Ҳоло тифли чормоҳа ва дусолаашро наздикон парасторӣ мекунанд.

Мақомот ҳанӯз дар бораи сабабҳои нопадид шудани зан чизе нагуфтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG