Миёни коргарон ва пулис дар бузургтарин корхонаи истеҳсоли телефонҳои "Apple" дар шаҳри Чжэнчжоуи Чин задухӯрд сурат гирифтааст. Пулиси Чин эътирози кормандонро зидди паст будани маош ва шароити корӣ саркӯб кардааст.
Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки садҳо коргар бо маъмурони пулис даргир мешаванд. Бештари онҳо либоси сафед ва сипарҳои пластикӣ доранд. Дар наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон аз камии маош ва вазъи беҳдоштӣ шикоят мекунанд.
Эътирозҳо рӯзи сешанбе шурӯъ шуданд. Коргарон аз он ба ғазаб омадаанд, ки "Foxconn", ширкати тобеи "Apple" ваъдаи худ - пардохти 25 000 юан (3500 доллар) барои ду моҳи корро иҷро намекунад. "Foxconn" рӯзи панҷшанбе гуфт, ки "хатои техникӣ" сабаби таъхир дар маош шудааст ва узр пурсид.
Ҳамчунин коргарон аз он норозианд, ки ҳамкорони мубтало ба короновирусашон аз дигарон ҷудо нестанд.
Гуфтугӯ