Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири СПАД гуфт, ба ҳалли баҳси Тоҷикистону Қирғизистон омодаанд


Станислав Зас
Станислав Зас

Дабири Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфт, омодаанд, барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мадад кунанд.

Станислав Зас дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти намояндагони СПАД дар Ереван ибрози назар кард.

Ӯ гуфт, "дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти вижа медиҳем. Бовар дорем, СПАД захираву таҷрибаи заруриро дорад, то ба ду кишвари узв барои расидан ба ин ҳадаф ёрӣ кунад, албатта, агар Тоҷикистону Қирғизистон зарур медонанд."

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз сӣ сол боз барои таъйину нишонагузории бахше аз қаламрави худ баҳс доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳад зиёда аз сесад километри он номуайян аст.

Дар оғоз сокинони ду тараф бо якдигар баҳси лафзиву сангпаротоӣ мекарданд, вале дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта ва захмӣ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG