Мудири Хадамоти разведкаи берунии Русия дар Душанбе бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон "масъалаҳои вобаста ба таъмини амният"-ро баррасӣ кардааст.
Ба хабари расмӣ, мулоқоти Сергей Наришкин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми ноябр гузашт.
Ду тараф ба тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризму ифрогароӣ ва қочоқи маводи мухаддиру силоҳ таъкид кардаанд. "Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт," -- навишт сомонаи президенти Тоҷикистон, вале ҷузъиёт надод.
Тоҷикистону Русия ду шарики наздики стратегӣ ба ҳисоб мераванд ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Айни замон иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ низ пойбанд аст, ки аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз муттаҳидони асосии Владимир Путин ба ҳисоб меравад ва пас аз оғози ҷанг дар Украина дар моҳи феврал Владимир Путин аввалин сафари хориҷиашро дар Тоҷикистон анҷом дод.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи октябри имсол дар нишасте дар шаҳри Остона аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад. Суҳбате, ки вокунишҳои зиёд ба бор овард. Иддае онро ҷасорату ҳақталабӣ донистанду дигарон намоишӣ.
Гуфтугӯ