Донишкадаи сохтмони роҳи оҳани Чин ваъда додааст, ки моҳи апрели соли 2023 тарҳи асоснок кардани техникиву иқтисодии роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро ба поён хоҳад расонд.
Дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов хабар дод.
Ҷабборов гуфт, бузургтарин тарҳҳо дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1" ва роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" аст.
"Ин ду сохтмони азим хоҳад буд. Роҳи оҳан аз 3 то 5 миллиард доллар дар нерӯгоҳ низ ҳудуди 3 то 5 миллиард доллар харҷ хоҳад шуд", - гуфт Оқилбек Ҷабборов.
Моҳи сентябри имсол дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дар мавриди сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо ба имзо расид.
Гуфтугӯ