Вазорати мудофиаи Арманистон хабар дод, ки шоми 20-уми ноябр нерӯҳои Озарбойҷон ба мавқеи арманистониҳо, дар наздикии марзи Арманистон бо Озарбойҷон, оташ кушодаанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Арманистон, дар ин тирандозӣ аз ҷониби Арманистон талафоте сабт нашудааст.
Бино ба ҳолати рӯзи 21-уми ноябр, вазъ дар сарҳади ду кишвар нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад.
Ҷониби Озарбойҷон хабарҳоро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Дар ҳафтаҳои охир ҷонибҳо ҳамдигарро ба тиркушоӣ айбдор мекунанд.
Гуфтугӯ