Як марди 87-сола дар Пекин бар асари бемории COVID-19 даргузаштааст.
Мақомоти Чин рӯзи 20-уми ноябр гуфтанд, дар тақрибан ним соли охир (аз 26-уми май ба ин сӯ) ин мавриди нахустини марг аз коронавирус буд.
Теъдоди умумии ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 5227 нафар расид.
Пекин рӯзи якшанбе эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта беш аз 24 ҳазор мавриди нави гирифтории мардумро ба коронавируси нав ошкор кард.
Дар саросари Чин чораҳоро барои пешгирӣ аз афзоиши беморӣ ҷорӣ кардаанд.
Гуфтугӯ