Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси панҷ нафар дар Булғористон барои таркиш дар Истанбул


Баъди таркиш дар Истамбул
Баъди таркиш дар Истамбул

Додситонҳо дар Булғористон рӯзи 19 ноябр гуфтанд, ки панҷ нафарро барои кӯмак карданашон ба гумонбари ташкили ҳамла дар Туркия дар ҳафтаи гузашта ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар ҳодисаи таркиш дар Истамбул шаш нафар кушта шуд. Туркия гуфт, барои таркише, ки рӯзи 13 ноябр рух дод, 17 нафарро ҳабс кард ва масъулияти ҳамларо ба дӯши Ҳизби коргарони Курдистон вогузор кард, ки онро шомили феҳристи “ташкилоти террористӣ” кардааст.

Дар миёни кушташудаҳо ду нафар кӯдак – духтарҳои нӯҳ ва 15-сола мебошанд. Сийка Милева, сухангӯи як дафтари додситонӣ дар София рӯзи шанбе гуфт, ки панҷ нафар барои кӯмаки “таъминотӣ” боздошт шудаанд ва як нафарашон дар фирор аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG