Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо "назоратро дар Сенати Амрико ҳифз мекунанд"


Кэтрин Кортес-Масто
Кэтрин Кортес-Масто

Маркази таҳқиқотии "Эдисон" ва расонаҳои Амрико эълон карданд, ки бо пирӯзии намояндаи Ҳизби демократ Кэтрин Кортес-Масто дар иёлати Невада, ин ҳизб назорати Сенатро ба даст хоҳад овард.

Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 12-уми ноябр навишт, ин пирӯзии бузурге барои Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, аст.

Чак Шумер, раҳбари аксарияти демократ дар Сенат, гуфт, "мо корҳои зиёде анҷом додем ва корҳои бештаре барои мардуми Амрико анҷом хоҳем дод. Мардуми Амрико масири зиддидемократӣ, иқтидоргароёна ва тафриқабарангезро комилан рад карданд."

Бо ин ҳол, рақобати Ҷумҳурихоҳону Демократҳо барои назорати Маҷлиси Намояндагон идома дорад. Расонаҳо пешбинӣ мекунанд, ки эҳтимол Ҷумҳурихоҳон бо фарқи каме дар интихоботи ин маҷлис пирӯз шаванд.

Ҳар ҳизбе, ки битавонад 218 курсиро ба даст биоварад, аксарияти Маҷлиси Намояндагони Амрикоро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Интихоботи миёндавраӣ дар Амрико рӯзи сешанбеи гузашта баргузор шуд ва шумурдани баргаҳои раъй дар баъзе аз ҳавзаҳо ҳамоно идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG