Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯйи эронӣ дар фурудгоҳе дар Фаронса даргузашт


Меҳрон Карими Носирӣ дар фурудгоҳ, соли 2005
Меҳрон Карими Носирӣ дар фурудгоҳ, соли 2005

Меҳрон Карими Носирӣ, ки 18 сол дар фурудгоҳи Шарл де Голл, дар канори Порис (Париж), мезист, рӯзи 12-уми ноябр даргузашт.

Мақомот марги ӯро табиӣ хонданд.

Носирӣ ба далели мушкил дар ҳуҷҷатҳояш дар фурудгоҳи маркази Фаронса “банд” монда буд.

Ин паноҳҷӯи эронӣ соли 1988 бо кӯшиши ёфтани модараш аз Эрон ба Лондон ва сипас Берлину Амстердам рафт ва дар фурудгоҳи Порис дармонд.

Носирии 76-сола дар бораи зиндагии худ китобе навиштааст, ки коргардони Ҳолливуд Стивен Спилберг ба он таваҷҷуҳ карда буд.

Ин достон ба эҷоди филми "Терминал" дар соли 2004 сабаб шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG