Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба Миколаев як бино вайрону чанд нафар кушта шуд


Миколаев
Миколаев

Ба иттилои шаҳрдори Миколаеви Украина, Александр Сенкевич, 11-уми ноябр нерӯҳои Русия ба шаҳр мушак асар доданд. Яке аз мушакҳо ба бинои панҷошёна расидааст.

"Аз ошёнаи 5 то 1 вайрон шуд", - навишт Сенкевич дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ба иттилои вай, камаш ду нафар ҷон бохта, чанд тани дигар маҷруҳ шуданд.

Ин иттилоъро раиси вилояти Миколаеви Украина Виталий Ким тасдиқ кард. Раиси вилоят аз кушта шудани 6 нафар хабар дод. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Рӯзи 9-уми ноябр вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дастур дод, ки артиши Русия аз соҳили рости дарёи Днепр ба соҳили чап гузаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG