Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд нишасти Созмони кишварҳои туркӣ оғоз мешавад


Шаҳри Самарқанд.
Шаҳри Самарқанд.

Нишасти сарони кишварҳои туркӣ 11-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд оғоз мешавад.

Раҳматулло Нуримбетов, сардори шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9 ноябр хабар дод, ки ба рӯзномаи ҳамоиш масоили марбут ба тавсеаи равобити тиҷоратӣ, соддагардонии равандҳои марбут ба нақлиёт, хадамоти гумрук ва ташкили долонҳои иловагии нақлиётӣ ворид шудааст.

Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар нишасти рӯзи 29 сентябр эълом дошт, ки Туркманистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмон пазируфта мешавад. Аммо вазири умури хориҷаи Туркия мушаххасан нагуфт, ки оё ин мавзӯъ ба рӯзномаи нишасти Самарқанд ворид мешавад ё на.

Созмони кишварҳои туркӣ моҳи октябри соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон (Шӯрои туркзабон) таъсис ёфта, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он шуданд.

Узбекистон соли 2018 эълон кард, ки тасмим дорад ба созмони мазкур аъзо шавад ва баъди як сол дар нишасти Боку ба узвияти он пазируфта шуд. Маҷористон ва Туркманистон мақоми нозирро доранд.

Дар ҳамоиши Истамбул, ки 12 ноябри соли 2021 баргузор шуд, номи Шӯрои туркзабон ба Созмони давлатҳои туркӣ тағйир дода шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG